Дар Хатлон оилаҳои гирифтори хушунатро ба рӯйхат мегиранд

Дар вилояти Хатлон бо ҳадафи пешгирӣ аз муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ, гурӯҳои корӣ таъсис ёфтаанд. Қарор аст, ин гурӯҳҳои корӣ оилаҳои осебпазир ё хонаводаҳое, ки дар онҳо муноқишаву зӯроварӣ аст, маълум намуда, ба рӯйхат гиранд.  

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, рӯзи 25-уми ноябр иттилоъ дод, ки гурӯҳҳои кории доимамалкунанда таҳти роҳбарии муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, ба ҳайати онҳо муовинони сардорони шуъбаҳои ВКД, нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила, намояндагони бахшҳои кор бо занон ва оила, соҳаҳои маорифу ҷавонон, рӯҳониён, раисони маҳаллаю ҷамоатҳо, аъзои Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва дигар шахсиятҳои соҳибэҳтирому бонуфузи маҳал шомил карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин масъала, дар шуъбаҳои ВКД дар ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бо ширкати сардорони шуъбаҳо ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ ҷаласае баргузор шудааст.

Дар ин нишастҳо, таъкид шудааст, ки гурӯҳҳои корӣ бояд фаъолияти худро ба ҳифзи солимии хонаводаҳо, пешгирӣ аз зӯровариву муноқишаҳои оилавӣ, мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти ахлоқидошта ва тарғиби таҳаммулпазирӣ равона созанд.

“Ба роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои корӣ дастур дода шуд, ки дар минтақаҳои хизматӣ вазъи воқеии оилаҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, рӯйхати оилаҳои муноқишадошта ва дар ҳолати осебпазир қарордоштаро муайян намоянд. Аз ҷумла, ба омӯзиши оилаҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои зуроварӣ ва хушунати такрорӣ ба қайд гирифта шудаанд, муайян намудани сабабу омилҳои ба чунин вазъ мусоидаткунанда, гузаронидани суҳбатҳои инфиродии профилактикӣ ва андешидани чораҳои мушаххаси пешгирикунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад”,-гуфтааст манбаъ.

Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, муайян намудани ноболиғони дар муҳити носолими оилавӣ қарордошта, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба  озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, озори ҷинсӣ, таҷовуз ба номус ва дигар кирдорҳои зиддиахлоқӣ аз масоилест, ки бояд дар маркази таваҷҷуҳи  гурӯҳҳои корӣ қарор дошта бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *