«Помир Энерҷӣ» бо «Брешно» созишномаи нав имзо кард
Ҳафтаи охир масъалаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дубора дар меҳвари гуфтугӯҳои ширкатҳои энергетикии ду кишвар қарор гирифт. «Барқи тоҷик» бо ширкати давлатии «Брешно»-и Афғонистон шартҳои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ карда, «Помир Энерҷӣ» барои идомаи таъмини ноҳияҳои наздисарҳадии Бадахшони Афғонистон созишномаи нав ба имзо расонд.
Рӯзи 30-юми сентябр Маҳмадумар Асозода, раиси «Барқи тоҷик» ва Абдулҳақ Ҳамкор, мудири иҷроияи ширкати «Брешно» дар Душанбе мулоқот карданд. Ба иттилои «Барқи тоҷик», гуфтугӯҳо ба иҷрои шартномаи мавҷудаи интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон марбут буданд. Ин ҳамкорӣ хусусияти мавсимӣ дошта, қисми асосии нерӯи барқ дар фасли гармо, замони зиёд шудани оби дарёҳо ва афзоиши истеҳсол дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ содир мешавад.
Ҷониби Афғонистон, дар навбати худ, хабар додааст, ки дар мулоқот масъалаҳои афзоиши содирот, рушди хатҳои интиқол, беҳтар кардани сифату шиддати барқ, тарофа, сармоягузорӣ ва омӯзиши мутахассисон низ баррасӣ шудаанд. Аммо «Барқи тоҷик» мегӯяд, ки афзоиши ҳаҷми содирот дар ин мулоқот матраҳ нашудааст.
Як рӯз баъд, 1-уми октябр ширкати «Помир Энерҷӣ» ва «Брешно» барои идомаи интиқоли барқ ба ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистон ба тавофуқ расиданд. Ҳоло «Помир Энерҷӣ» дар баробари аҳолии ВМКБ, сокинони ноҳияҳои Моҳи Май, Нусай, Шуғнон ва Ишкошими Афғонистонро низ бо барқ таъмин мекунад. Теъдоди муштариёни афғон ба 6900 мерасад.
Барои густариши ин ҳамкорӣ дар ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим зеристгоҳи 110-киловолта сохта шудааст. Ҳамчунин, масъалаи кашидани хати 110-киловолта то шаҳри Файзобод – маркази вилояти Бадахшони Афғонистон баррасӣ шудааст. Дар сурати иҷрои тарҳ шумораи истифодабарандагони барқи Тоҷикистон дар Файзобод ва Баҳорак низ бештар хоҳад шуд.
Содироти барқ ба Афғонистон бар асоси созишномаи соли 2008 анҷом мешавад. Дар охири ҳар сол ҷонибҳо протоколи иловагӣ имзо карда, ҳаҷми интиқол ва нархи нерӯи барқро барои соли оянда муайян мекунанд. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 Тоҷикистон ба Афғонистон 702,7 миллион киловатт-соат нерӯи барқ ба маблағи 283,9 миллион сомонӣ содир кардааст.
Ин дар ҳолест, ки дар дохили Тоҷикистон ҳамасола дар фасли тирамоҳу зимистон маҳдудияти барқ ҷорӣ мешавад. Масъулин мушкилро пеш аз ҳама ба камобӣ ва нокифоя будани истеҳсол дар фасли сармо рабт медиҳанд. Қаблан Вазорати энергетика ва «Барқи тоҷик» гуфта буданд, ки то пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» маҳдудияти мавсимии барқ боқӣ хоҳад монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ