Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалӣ шуд

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои аккредитатсионии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР/IAAR) аз 24 сентябри соли 2026 ба муҳлати панҷ сол соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гардид. Шаҳодатномаи мазкур 2 октябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи Форуми байналмилалии Осиёи Марказӣ ба ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ аз ҷониби директори агентӣ Алина Бакиджановна Ҷумагулова дар тақдим карда шуд.

Форуми мазкур рӯзҳои 2–3 октябр дар Донишгоҳи IT-и шаҳри Остона бахшида ба 15-солагии таъсиси НААР/IAAR таҳти унвони «Такмили сифати таҳсилот дар замони рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ: уфуқҳои нави рушди маориф» баргузор гардид. Дар он беш аз 300 намоянда аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коршиносони байналмилалӣ, иштирок намуданд. Мавзӯъҳои меҳварии ҳамоиш рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, такмили низоми таъмини сифати таҳсилот ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ буданд.

Аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ натиҷаи арзёбии фаъолияти муассисаи таълимӣ аз рӯйи меъёрҳои муқарраршудаи сифати таҳсилот буда, низоми идоракунӣ, раванди таълим ва фаъолияти илмию инноватсионии онро фаро мегирад. Ин дастовард барои баланд бардоштани нуфузу рақобатпазирии донишгоҳ, густариши робита бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва рушди табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ҳамзамон, он зарурати такмили пайвастаи сифати таълим ва мутобиқсозии раванди омодасозии мутахассисонро ба талаботи муосири бозори меҳнат тақвият мебахшад.


Ҷанбаи дигари муҳими ин дастовард интихоби чор нафар профессори донишгоҳ ба ҳайси экспертҳои байналмилалӣ аз рӯйи равияҳои гуногуни илмию таълимӣ барои ҳамкорӣ бо агентӣ мебошад. Ин иқдом барои иштироки намояндагони донишгоҳ дар равандҳои байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот ва густариши ҳамкориҳои касбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Инчунин, ин дастовард барои тақвияти мавқеи донишгоҳ дар фазои таҳсилоти олии минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи ҳадафҳои нави таълимӣ, илмӣ ва инноватсионӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *