Аз зеҳни сунъӣ то шеъри нав. Суҳбат бо Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким
Устод Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, доктори илми филология 80-сола шуданд. Эшон аз зумраи адибоне ҳастанд, ки ҳам дар шеър, ҳам дар нақди адабӣ ва ҳам дар ҳаёти иҷтимоии кишвар нақши фаъол доранд. Бо устод дар бораи зеҳни сунъӣ (ҳушвора), шабакаҳои иҷтимоӣ, нақди адабӣ, сарнавишти шоирӣ, шеъри нав ва таҷрибаи зиндагӣ суҳбат кардем.
Ҳушвора ҷойи эҷодро мегирад?
– Ҳамин ҳоло як лаҳза телефонатон гум шуд. То пайдо кардани он қарор нагирифтед ва вақте онро ёфтед, баъд сари мизи суҳбат нишастем. Воқеан, телефон ба муҳимтарин абзори зиндагии мо табдил ёфтааст, ки бе он худро бе дасту по эҳсос мекунем. Дар замони кӯдакии шумо телефони ҳамроҳ набуд, интернет ҳам, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳушвора ҳам. Оё тасаввур мекардед, ки рӯзе мо дар шароити мисли имрӯз зиндагӣ мекунем?
– Дар кӯдакии мо тасаввурот дигар буд. Дар бораи техникаву технология маълумоти васеъ надоштем. Адабиёти фантастикӣ вуҷуд дошт, аммо дар деҳаи мо он қадар дастрас набуд. Албатта, чизҳое мехондему тасаввур мекардем, вале шароити имрӯзро ҳаргиз. Вале инсон ба ҳама чиз оҳиста-оҳиста одат мекунад. Мо ҳам одат кардем. Бояд иқрор шуд, ки технология заҳмати инсонро хеле сабук кард. Мисол, солҳои 70-ум банда аспирант будам. Агар баъди чопи рисола дар кор андак таҳрир пайдо мешуд, маҷбур будед саҳифа ё ҳатто қисми зиёди онро аз нав чоп кунед. Агар дар рӯйхати адабиёт як тағйирот лозим мешуд, коратон боз ҳам мушкилтар мешуд, зеро тамоми рисоларо аз нав чоп кардан пеш меомад. Ҳоло бошад, бо як фармон ҳама чизро ислоҳ мекунед. Аз тарафи дигар, агар китобе лозим шавад, дар як дақиқа пайдо мекунед. Ин, албатта, тарафи мусбати технология аст.
– Аммо дар баробари ин, шабакаҳои иҷтимоӣ ва зеҳни сунъӣ имрӯз ҳамаро “эҷодкор” кардаанд. Имрӯз роҳат матни илмӣ ё бадеиро бо ҳуши маснуӣ менависанд ва нашр мекунанд.
– Бале, ин албатта, боиси нигаронӣ аст. Мушоҳида мекунам, ки ҳуши маснуиро барои навиштани асари илмӣ ва ҳатто бадеӣ истифода мекунанд. Масалан, нависанда дар тасвири як ҳолати қаҳрамонаш мушкилӣ мекашад, ба ҳуши маснуӣ супориш медиҳад, вай саҳнаро тасвир мекунад. Агар нависанда онро рӯйбардор накунад ҳам, дар асоси он чизе “месозад”… Дар илм ҳам ин мушоҳида мешавад. Ба қарибӣ ба ман як рисолаи номзадӣ доданд, ки хонам. Дидам, ки қисмати зиёди он бо ҳуши маснуӣ навишта шудааст. Баргардонида, гуфтам, ки лоақал таҳрир кунед. Ин, албатта, боиси таассуф аст.
– Тасаввур мекунед, ки оянда чӣ мешавад? Масалан, баъди 50 сол оё мо асари бадеӣ ё илмии офаридашуда аз ҷониби инсони эҷодкор мехонем? Аз ҳама муҳим, оё эҷоди инсонро аз ҳушвора фарқ карда метавонем?
– Албатта. Эҷоди асил дар ҳама давру замон арзиши хешро нигоҳ хоҳад дошт. Муҳим ин аст, ки ҳарфи шоир, нависанда ё олим то чӣ андоза нав аст, то чӣ андоза маҳсули дониш ва биниши худи ӯст. То имрӯз ҳамин тавр буд, фардо ҳам чунин хоҳад монд. Ҳуши маснуӣ дар асоси чизҳое кор мекунад, ки аллакай гуфта шудаанд. Эҷодкори асилро мебояд ҳарфи наву тоза гӯяд, чизе бигӯяд, ки ҳоло дар хазинаи он нест. Маънои офариниш худаш гуфтани чизи нав аст. Асари ҳақиқии бадеӣ фардӣ, ягона ва нотакрор бояд бошад.
– Шумо аз зумраи адибоне ҳастед, ки новобаста аз синну сол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолед. Хеле барвақт ба интернет рӯ овардед. Ин ба шумо чӣ дод ва чӣ қадар вақти шуморо шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд?
– Ман аз бачагӣ ба техника шавқ доштам. Ҳар чизи навро омӯхтан мехостам. Аввал велосипед ронданро ёд гирифтам, баъд мототсикл доштам, баъдан мошин. Вақте ба хизмати ҳарбӣ рафтам, танк мерондам, зеро дар қисми танкӣ хизмат мекардам. Фақат тайёра мондааст, ки идора накардаам. Як домодам халабон аст, дар фикри он ҳастам, ки рӯзе дар паҳлуяш нишинам. Ҳамин шавқ буд, ки аз аввал бо компютер ва шабакаҳои иҷтимоӣ кор кардам. Имрӯз зиндагии ҳаррӯзаи мо бе техникаву технология қариб имконнопазир аст.
Дар тарғиби адабиёт ҳам интернет нақши муҳим дорад. Қаблан нашрияҳо бо теъдоди зиёд чоп мешуданд, китобҳо низ. Ҳоло китобҳо одатан аз 100 то 500 нусха чоп мешаванд, ки ба ҳама намерасанд.
Ман чанд сол боз дар “Фейсбук” шеърҳоямро нашр мекунам. Баъзан як шеърро то садҳо ҳазор нафар мехонанд. Аммо интернет вақтро ҳам мехӯрад. Баъзан телефонро як бор ба даст мегирам, мебинам як-ду соат гузаштааст. Барои ҳамин рӯйи мизам навишта мондаам: «Бас Фейсбук!».
Ба ҳар ҳол, ман худамро назорат карда метавонам, аммо аз рӯйи чизе ки мебинам ва мешунавам, насли нав хеле ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва бозиҳои интернетӣ дода шудааст. Мутассифона, технология ба китобхонӣ ва омӯзиш зарар мерасонад, ки ин воқеан фоҷеа аст.

Хизматгори ду хоҷа
– Устод, 80-сола шудед. Ин санаи умрро бо чӣ эҳсос истиқбол мегиред?
– Бисёр тез омад. Бинобар ин, эҳсоси номуайяне дорам. Гоҳо фикр мекунам, ки дар ҷавонӣ агар шинохти ман аз зиндагӣ мисли имрӯз мебуд, шояд бештару беҳтар менавиштам. Аммо чӣ илоҷ, ки ҳамин қадар шуд. Агар бо ҳамнаслонам муқоиса кунем, кам ҳам нест. Аз баъзе бештар, аз баъзе камтар. Ба қавле, бад нест, аммо худам қаноатманд нестам. Инсон баъзан ба корҳои беҳуда ва дуюмдараҷа машғул мешавад ва корҳои асосӣ мемонанд…
– Манзуратон аз корҳои “беҳуда” чист? Шояд вазифаҳои ҷамъиятиро дар назар доред?
– «Беҳуда» гуфтан дуруст нест. Ҳатто дар донишгоҳ мо фанҳое мехонем, ки шояд дар зиндагӣ мустақим истифода накунем, аммо ба ҷаҳонбинии мо таъсир доранд. Вазифаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ҳам ҳамин гунаанд, инсон ва ҷомеаро беҳтар мешиносед. Ҳамин тавр иттифоқ афтод, ки аз ҷавонӣ ба ман вазифаҳои масъул супориданд. Вақте аз Маскав омадам, устод Мирзо Турсунзода маро ҷонишини сардабири «Садои Шарқ» таъин карданд. Он вақт хеле ҷавон будам, 27-28–сола. Баъд ду сол котиби раёсати Иттифоқи нависандагон, даҳ сол сардабири «Адабиёт ва санъат» будам. Ман дар хотираҳоям навиштаам, ки бо чӣ душворӣ ин рӯзномаро таъсис додем ва теъдоди онро аз ҳафт ҳазор то сад ҳазор расонидем. Баъдан, ду навбат раиси Иттифоқи нависандагон будам. Ду навбат вакили ноҳия, ду навбат вакили шаҳр, як навбат узви Маҷлиси миллӣ ва муовини раиси он будам. Як вақт ҳисоб кардам, ки узви 16 ташкилоти ҷамъиятӣ будаам. Тасаввур кунед, ҳар кадом ҷаласа ва чорабинӣ дошт. Ин ҳама вақт мегирифт. Вале бо вуҷуди ин, ман кори эҷодиро дар ҳеҷ замоне дуюмдараҷа ҳисоб накардаам. Вақте аз раисии Иттифоқи нависандагон рафтам, шаш сол дар хона бекор нишастам ва корҳои асосиамро маҳз ҳамон вақт навиштам.
– Агар аз нав имкон пайдо мешуд, дар шеър бештар кор мекардед ё дар илм?
– Аслан ба аспирантура рафтани ман ба хотири илм набуд, ба хотири шеър буд. Чанд сол дар радио кор кардам ва дидам, ки рӯзноманигорӣ вақти зиёд мегираду барои кори эҷодӣ имкон намемонад. Роҳе меҷустам, ки вақти бештар барои шеър дошта бошам. Аспирантураи Маскав пеш омад ва рафтам. Чанд моҳи аввал машғули шеър шудам. Баъд ба ҷаласаҳои кафедра даъват карданд, талаб мекарданд, маҷбур шудам, ки ҷиддӣ аз пайи омӯзиш бишавам ва рисолаи илмӣ нависам. Дар се соли аспирантура вақтро хуб истифода кардам. Қисми зиёди рӯзам дар китобхона мегузашт. Дар баробари китобҳои илмӣ, ҳамеша китобҳои шоирони Эронро мехондам, ки дар Душанбе он вақт дастрас набуданд. Мактаби Донишгоҳи Маскав ба номи Ломоносов ҳам ба ман бисёр чиз дод. Аз ҳамон вақт нақд маро ҷалб кард. 15–20 сол асосан ба нақд машғул шудам. Албатта, шеър ҳам менавиштам. Бояд иқрор шавам, ки илм назар ба шеър вақти бештар мегирад. Кори сангин аст. Албатта, шеъри хуб гуфтан ҳам осон нест. Ҳамин тавр, “хизматгори ду хоҷа” шудем…
Нархи 200 кило гӯшт…
– Бисёре аз адибону адабиётшиносонамон аз камранг ва камтаъсир шудани нақди адабӣ дар солҳои охир гила мекунанд. Чаро мо ба чунин вазъияте расидем, ки нақди фаъол, фарогир ва муосир надорем?
– Ҳарфи шумо нодуруст нест. Сабаб ин аст, ки нақд имрӯз мавқеи иҷтимоӣ ва адабии пештараро надорад. Замоне дар ҳама нашрияҳо ҳатман бахши танқид ва адабиётшиносӣ буд. Муҳимтар аз ҳама, ҳаққи қалам ҳам хуб буд. Мунаққиди фаъол метавонист аз пушти нақд зиндагӣ кунад. Ҳоло барои нақд чӣ қадар ҳаққи қалам медиҳанд? Оё бо он зиндагӣ кардан мумкин аст? Бе заминаи моддӣ нақд пеш намеравад. Ба умеди устодони донишгоҳ набояд шавем, зеро кори асосии онҳо тадрис аст. Ба умеди корманди Институти забон ва адабиёт ҳам намешавад, зеро онҳо ба масъалаҳои бунёдии илм машғуланд. Шуъбаи махсуси нақди адабӣ дар он ҷо нест.

– Биёед барои фаҳмо шудан ба хонандаи имрӯз муқоиса кунем, ки дар замони шӯравӣ ҳаққи қалами як мақолаи ҷиддии танқидӣ чӣ қадар буд?
– Бо «Адабиёт ва санъат» муқоиса мекунем, ки сардабираш будам. Барои як ҳикоя ё мақолаи хуби танқидӣ то 300 рубл ҳаққи қалам медодем. Як кило гӯшт он вақт тақрибан якуним рубл буд. Яъне ҳаққи қалами 300 рубл пули 200 кило гӯшт мешуд. Бо нархи имрӯз муқоиса кунед. Ғайр аз ин, мақоларо радио мехонд, ҳаққи қалам медод, телевизион истифода мекард, боз ҳаққи қалам мегирифтанд. Мунаққид барои танқид карданаш дӯстдор зиёд пайдо намекунад. Ба ӯ касе ташаккур намегӯяд. Бечора ҳам нависад, ҳам гап шунавад ва ҳам ҳаққулзаҳмае нагирад, табиист, ки нақд наменависад…
– Имрӯз на танҳо ба нақд, ба шеър ва наср ҳам ҳаққи қалами хуб намедиҳанд. Пас ҷавони имрӯзаро чӣ ба адабиёт меорад, вақте аз он манфиат қариб ки нест?
– Умеди ҷовидонагӣ. Касе, ки ба адабиёт даст мезанад, дар зеҳнаш умеди умри абадӣ дорад. Бе ҳамин умеди бисёр вақт барбодраванда касе ба адабиёт намеояд. Албатта, маишат бахши муҳиму асосии зиндагии мо аст. Вале ҳеҷ мушкиле пеши роҳи эҷодкори ҳақиқиро гирифта наметавонад. Ба ёд биёрем рӯзгори ҷавонии Гарсиа Маркесро. Ӯ ҳам тангдастӣ мекашид, барои нашри китоби аввалаш ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуд. Касе ба ӯ эътимод надошт. Фақат ҳамсараш, ки ҷавоҳироти худро фурӯхт, то китоби ӯ чоп шавад…
Бозгашт ба ғазал
– Дар хабарҳо дидам, ки чанде пеш дар Иттифоқи нависандагон ҷаласае доир ба муаммоҳои шеъри нав баргузор шуд ва шумо ҳам дар он иштирок доштед. Аҷиб он аст, ки вақтҳои охир шоирони мо, махсусан ҷавонон асосан ғазал мегӯянд. Сабаб чист? Чаро шеъри нав дар Тоҷикистон густариш наёфт?
– Пайдоиши шеъри нав дар Эрон бо муҳити иҷтимоӣ вобаста буд. Вақте дар ҷомеа талош барои тағйир пайдо шуд, ин ҳаракат ба адабиёт ҳам гузашт. Нимо Юшиҷ тавонист ин тағйирро эҳсос кунад. Ӯ адабиёти Ғарбро хуб медонист, донишманд буд ва дарк кард, ки вақте ҷомеа дигар мешавад, адабиёт ҳам бояд дигар шавад. Аз пайи ӯ чеҳраҳои бузурге ба майдон омаданд: Суҳроби Сипеҳрӣ, Шомлу, Фурӯғ, Сиёвуши Касроӣ, Нодирпур, Манучеҳри Оташӣ ва дигарон. Шеъри мо ҳам дар пайравӣ ба онҳо нав шуд. Вале як чизро агар мушоҳида кунед, солҳои охир дар Эрону Афғонистон ҳам рӯй овардан ба шеъри суннатӣ бештар шудааст. Ба назари ман, ин бо рӯҳияи ҷомеа ҳам вобаста аст, зеро ҷомеа ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Ғазал як навъи шеъри лирикист, ки эҳсоси ишқу муҳаббат ва ҳамчунин рӯҳияи ҳузну афтодагиву ночорӣ дар муҳити иҷтимоии мавҷударо баён мекунад. Сируси Шамисо ҳам дар китобаш менависад, ки ғазал шеъри замони шикаст аст, албатта истисно ҳаст. Ҳамин аст, ки шоирони форсизабон дар вазъи душвори ватанашон ба ин навъи шеър рӯй оварданд ва шоирони тоҷик ба онҳо пайравӣ мекунанд.
– Оё қолаби шеър аҳаммият дорад, ки солҳост атрофи он баҳс мекунем?
– Шакл муҳтавои мувофиқи худро талаб мекунад. Масалан, аз пурсам, ки даҳ шеъри устод Лоиқро номбар кунед, ҳатто агар азёд ҳам надонед, мавзуъ ва муҳтавои бисёрашонро ба ёд дореду мегӯед: “Ба модарам”, “Бачагӣ” ва ғайра. Аммо агар гӯям даҳ ғазалашро номбар кунед, душворӣ мекашед. Чаро? Чун дар шеърҳои озод фазо, муҳит ва мавзуи мушаххас баён шудааст. Дар ғазал чунин нест. Бинобар ин, худи маънӣ талаб мекунад, ки шеър дар кадом қолаб гуфта шавад.
– Вақтҳои охир мушоҳида мекунам, ки шумо бештар шеърҳои кӯтоҳ менависед. Сабаб дар чист?
– Ман қаблан ҳам рубоӣ ва дубайтӣ зиёд менавиштам. Ҳатто китоби рубоӣ ва дубайтӣ дорам. Чизҳое, ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунам, аксар аз навиштаҳои пешин ҳастанд. Вақтҳои охир боз бештар ба рубоӣ рӯ овардам, зеро рубоӣ андеша мехоҳад ва бояд дар ҳамон лаҳза ҷамъу равшан баён шавад. Барои шеъри ошиқонаи пурэҳсос навиштан… шояд синну соламон дигар мувофиқ нест (механдад).
– Вале шеърҳои ошиқонаи шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ назар ба шеърҳои иҷтимоӣ бештар хонанда доранд.
– Ин табиист. Хонандаи шеъри ошиқона ҳамеша зиёд аст. Аммо ашъори иҷтимоӣ ҳам муҳим аст. Мақсади адабиёт ин аст, ки инсонро аз ҷиҳати маънавӣ ғанӣ кунад. Одам бояд ба вақташ, ба худаш ва ба атрофиёнаш арҷ гузорад ва шоиста зиндагӣ кунад.
Ҳасад ва ҳавас
– Агар ба оғози роҳи шумо баргардем, дар чӣ муҳит ба воя расидаед ва чӣ тавр ба шеър ва адабиёт дил бастед?
– Воқеият ин аст, ки дар атрофи мо касе набуд, ки аз шеър ва адабиёт суҳбат кунад.
– Падар чӣ касб доштанд?
– Падарам аввал ронанда буданд. Баъди чилсолагӣ дар Донишгоҳи Хуҷанд таҳсил карданд ва солҳои зиёд сардори хобгоҳҳои комбинати шолибофии Хуҷанд буданд. Ба адабиёт робитаи махсус надоштанд.
Мо танҳо дар мактаб адабиёт мехондем ва аз ҳамон ҷо шавқ пайдо шуд. Аз синфҳои шашуму ҳафтум бо Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ки дар як мактаб мехондем, машқи шеър мекардем. Китоб кам буд. Дар синфҳои нӯҳуму даҳум гоҳ-гоҳ ба идораи «Ҳақиқати Ленинобод» мерафтем. Он ҷо Абдуҷалил Воситзода ва Неъмат Шариф кор мекарданд. Чанд шеъри мо ҳам чоп шуд. Он вақт танҳо китоби Баҳром Сирус «Қофия дар назми тоҷик»-ро пайдо карда будем. Баъд «Санъати сухан»-и Тӯрақул Зеҳнӣ дастрас шуд. Яъне бисёр чизро бо мушкилӣ омӯхтем.
– Бародаратон Анвар Олим ҳам роҳи адабиётро интихоб карданд…
– Бале, ба ӯ осонтар буд, зеро аллакай намуна дошт. Ман ба ӯ китобҳои зиёд мефиристодам. Аз Маскав осори адабиёти ҷаҳонро мегирифтам ва ба ӯ ҳам мефиристодам. Вақте 30 ҷилди Достоевский нашр шуд, ба «Академкнига» обуна шудан лозим буд. Ман ҳам дар Маскав обуна шуда будам, ҳам дар Душанбе. Китобҳоро ҳам барои худ мегирифтам, ҳам барои Мулло Анвар. Ӯ зери таъсири адабиёти рус ва ҷаҳон ташаккул ёфт ва нависандаи баркамол шуд.
– Чаро эшонро ба Душанбе наовардед?
– Имкон набуд. Мо ҳамагӣ ду писар будем ва касе бояд назди падар мемонд. Падар бемории дил доштанд. Мулло Анвар бори хонаи падарро ба дӯш гирифт. Афсӯс, ки барвақт аз олам рафт…
– Ёдашон ба хайр.
– Ба ту ҳам сипос, ки дар бораи ӯ, ба муносибати 70-солагиаш мақолаи нағз навиштӣ…
– Устод, инсон чӣ бояд кунад, то мисли Аскар Ҳаким муваффақ шавад ва дар ҷомеа симои мусбат сохта тавонад?
– Аввалин чизе, ки ба инсон дода мешавад, сиришти ӯст.
Ман дар бурҷи Мизон таваллуд шудаам. Мегӯянд, ки одамони ин бурҷ ҳамеша мекӯшанд тавозунро нигоҳ доранд, мусбату манфиро бисанҷанд. Хислати дигарашон адолат аст. Илова бар ин, ман дар соли саг таваллуд шудаам, ки рамзи вафодорист. Дигар ин ки ман ҳеҷ гоҳ ба касе ҳасад набурдаам. Ҳасад дар табиати ман нест. Ҳавас мехӯрам, аммо ҳасад намебарам. Охир, ба кӣ ҳам ҳасад барам?
Мусоҳиб: Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ