35 соли Истиқлол ва марҳилаҳои рушди Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ соҳаи тандурустии Тоҷикистон марҳилаи нави рушдро паси сар карда, дар баробари бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфт. Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ»-и шаҳри Душанбе намунаи равшани ҳамин дигаргуниҳост. Муассисае, ки фаъолияти он мустақиман бо ҳифзи ҷони инсон дар лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз алоқаманд аст, дар даврони соҳибистиқлолӣ аз таъмиру таҷдиди инфрасохтор то ҷорӣ кардани ҷарроҳиҳои мураккаби каминвазивӣ роҳи бузургеро тай намудааст. Имрӯз нишондиҳандаи ҷарроҳиҳои каминвазивӣ дар ин марказ ба 75,1 дарсад расидааст. Дар марҳилаҳои аввал ин рақам ҳамагӣ 5–8 дарсад буд.
Истиқлол ва оғози марҳалаи нави рушди муассиса
Ёрии таъҷилии тиббӣ самтест, ки сифати фаъолияти он на танҳо аз маҳорати табиб, балки аз суръати расидагӣ кардан ба мушкилоти беморону корафтодагон, имконияти ташхиси фаврӣ, дастрасии таҷҳизоти наҷотбахш, нақлиёти махсус ва ҳамоҳангии фаъолияти тамоми зерсохторҳо вобаста аст. Аз ҳамин ҷиҳат, дигаргуниҳое, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» дар давраи Истиқлол амалӣ шудаанд, танҳо навсозии як муассисаро ифода намекунанд. Онҳо нишон медиҳанд, ки муносибат ба тиби таъҷилӣ тадриҷан ба сатҳи комилан нав баромадааст.
Яке аз қадамҳои муҳими ин раванд соли 2002 гузошта шуд. Дар доираи лоиҳаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба маблағи 2 миллиону 493 ҳазор доллар Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббӣ аз нав таъмиру тармим ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид.
Ин сармоягузорӣ дар шароите сурат гирифт, ки низоми тандурустии кишвар ба таҷдиди инфрасохтор ва барқарор намудани иқтидори техникии муассисаҳо ниёзи ҷиддӣ дошт. Аз ин рӯ, навсозии беморхонаи ёрии таъҷилӣ на танҳо аҳаммияти маҳаллӣ, балки аҳаммияти иҷтимоии умумимиллӣ дошт.
Дар солҳои минбаъда низ таҳкими заминаи моддию техникӣ идома ёфт. Солҳои 2004 – 2005 аз ҳисоби буҷети давлат 10 нақлиёти санитарӣ харидорӣ гардид. Ҳамчунин, аз ҳисоби гранти Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузорони Тоҷикистон бо арзиши 55 ҳазор доллар сохтмони ҷомашӯйхонаи беморхона анҷом дода шуд. Соли 2006 боз 10 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ харидорӣ гардид.
Дастгирии Пешвои миллат – такони муҳим ба навсозӣ
Дар таърихи рушди Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ соли 2007 мавқеи махсус дорад. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҳисоби қарзи Фонди Саудии Рушд беморхона бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба маблағи 4 миллиону 999 ҳазор доллар таъмин гардид.
Дар доираи ин тарҳ 13 нақлиёти санитарии тамғаи «Volkswagen» бо таҷҳизоти махсус барои стансияи ёрии таъҷилӣ, дастгоҳҳои ташхисию табобатӣ, литотриптори масофавӣ, таҷҳизоти ултрасадо ва дастгоҳи мобилии рентгении «Siemens» дастрас гардиданд. Аз муҳимтарин дастовардҳо ворид шудани томографи магнитии резонансӣ аст, ки он замон бори аввал дар ҷумҳурӣ ворид гардида буд.
Дар баробари ин, устохонаҳои таъмири нақлиёти санитарӣ ва техникаи алоқаю компютерӣ ташкил гардида, таҷҳизоти Маркази таълимию тамринӣ, ду генератори барқии иқтидори 95-киловаттӣ, асбобҳои муътадилсозии қувваи барқ ва системаи телекоммуникатсионӣ низ дастрас шуданд.
Ин нукта аз он шаҳодат медиҳад, ки дастгирӣ танҳо ба хариди дастгоҳҳои алоҳида маҳдуд набуд. Барои фаъолияти устувори системаи ёрии таъҷилӣ як маҷмӯи инфрасохтор – аз ташхису табобат то таъмири нақлиёт, алоқа ва таъминоти барқ ташаккул ёфт.
Ҳамзамон аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирӣ иҷро шуданд. Ин натиҷаҳо бозгӯи онанд, ки сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи тандурустӣ тадриҷан аз ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ба бунёди заминаи устувори техникиву технологӣ равона гардид.
Аз компютеркунонӣ то навигатсияи моҳворавӣ
Яке аз ҷанбаҳои ҷолиби рушди Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ соли 2007 ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ба раванди хизматрасонии тиббӣ мебошад.
Ҳанӯз дар марҳалаи таҷдиди техникии муассиса системаи идоракунии автоматӣ бо 46 компютер ба фаъолият оғоз карда, шаклҳои электронии таърихи беморӣ ва варақаҳои даъвати ёрии таъҷилӣ роҳандозӣ шуданд. Системаи компютерии беморхона ба шабакаи интернет пайваст гардид.
Соли 2010 бошад, 8 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ бо мусоидати ташкилоти «Роскосмос» ба системаи навигатсияи кайҳонӣ пайваст шуданд. Барои тиби таъҷилӣ чунин технология аҳаммияти махсус дорад, зеро муайян намудани мавқеи нақлиёт ва интихоби самти ҳаракат метавонад вақти расидани гурӯҳи тиббиро коҳиш диҳад.
Соли 2013 коргузории электронӣ – аз бақайдгирии беморон то таърихи беморӣ пурра ба роҳ монда шуда, системаи идоракунии автоматӣ бо 46 ҷойи кории компютерӣ фаъолият мекард.
Яъне рақамикунонии низоми тандурустӣ, ки имрӯз яке аз самтҳои муҳими рушди соҳа дониста мешавад, дар Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ солҳо қабл аз марҳилаҳои аввалини татбиқ гузашта буд.

Табиби соҳибкасб – муҳимтар аз ҳар таҷҳизот
Муосиртарин дастгоҳ ҳам бе мутахассиси соҳибкасб самараи зарурӣ дода наметавонад. Аз ин рӯ, дар баробари навсозии техникӣ ба бозомӯзӣ ва такмили маҳорати кормандон таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.
Соли 2009 дар назди беморхона Маркази таълимию тамринӣ таъсис ёфт. Он барои бозомӯзии кормандони тиббии шуъбаҳои қабули беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳрӣ, инчунин омӯзонидани кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ оид ба расонидани ёрии таъҷилии тотабибӣ пешбинӣ шуда буд.
Ин иқдом аҳаммияти хос дорад, зеро дар бисёр ҳолатҳои садама, осеб ва бемориҳои шадид маҳз дақиқаҳои аввал тақдири инсонро ҳал мекунанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани дониши ёрии аввалияи на танҳо табибон, балки кормандони сохторҳое, ки бештар бо ҳодисаҳои роҳу нақлиёт рӯ ба рӯ мешаванд, як намунаи муносибати системавӣ ба масъалаи наҷоти ҳаёт мебошад.
Беморхонае, ки ба назди бемор меравад
Нақлиёти санитарӣ дар низоми ёрии таъҷилӣ танҳо воситаи интиқоли бемор нест. Мошини муосири ёрии таъҷилӣ дар асл як ҳуҷраи сайёри тиббист, ки имкони оғоз намудани баъзе тадбирҳои наҷотбахшро ҳанӯз дар роҳ фароҳам меорад.
Соли 2014 ба стансияи ёрии таъҷилӣ 2 нақлиёти санитарии «Hyundai» ва 7 дастгоҳи сабти барқии дил дастрас гардид. Соли 2016 боз 7 дастгоҳи ЭКГ харидорӣ шуд. Соли 2017 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 8 мошини ёрии таъҷилии «Mercedes-Benz» ва соли 2020 як «Ford Transit» вориди истифода гардид.
Соли 2021 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 5 нақлиёти санитарии «Ford Transit» ва 2 «Hyundai», ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буданд, дастрас шуданд.
Дар маҷмуъ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии пойтахт боз 20 нақлиёти муосири ёрии таъҷилӣ дастрас гардидааст.
Дар ин раванд ҳамкории Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти шаҳри Душанбе ва сохторҳои соҳавӣ ҳамчун як занҷири ягонаи идоракунӣ равшан ба назар мерасад.

Пойгоҳи №1
10-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар доираи бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, дар он шароити хуби корӣ барои кормандон фароҳам аст.
Дар ду қабати аввали бино пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ёрии таъҷилӣ ҷойгир аст. Он дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 бунёд гардидааст. Пойгоҳ аз 18 ҳуҷра иборат буда, дар он қабули беморон ва ёрии таъҷилии тиббӣ сурат мегирад. Пойгоҳи №1-и Маркази шаҳрии ёрии таъҷилӣ бо доруворӣ, лавозимоти соҳавӣ ва таҷҳизоти тиббии замонавӣ таъмин шудааст.

Ҷарроҳии каминвазивӣ – инқилоби технологӣ
Шояд муҳимтарин нишондиҳандаи пешрафти тиббии Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ афзоиши ҳаҷми ҷарроҳиҳои каминвазивӣ бошад. Бартарии чунин усулҳо дар он аст, ки ҷароҳати бофтаҳо нисбатан кам, давраи барқароршавии бемор кӯтоҳ ва имкони коҳиши баъзе хавфҳои баъдиҷарроҳӣ бештар мегардад.
Соли 2019 ҳиссаи чунин ҷарроҳиҳо дар Марказ 41,4 дарсад буд. Дар ҳамон сол резексияи трансуретралии омосҳои масона ва аденомаи ғадуди пешҷой, спленэктомия бо усули лапароскопӣ ва як қатор амалиёти мураккаб вориди амалияи муассиса гардиданд.
Соли 2020 нишондиҳанда ба 49 дарсад, соли 2021 ба 58,8 дарсад ва соли 2022 ба 66,6 дарсад расид.
Дар соли 2021 чандин усули нави ҷарроҳӣ, аз ҷумла гемиколэктомия, нефрэктомия ва як қатор амалиёти лапароскопӣ ҷорӣ шуданд. Ин раванд нишон медиҳад, ки сухан танҳо аз зиёд шудани шумораи амалиёт намеравад, балки доираи мудохилаҳои мураккабе, ки бо технологияи каминвазивӣ анҷом мешаванд, низ васеъ гардидааст.
Соли 2023 буриши найчавии меъда ё «слив-резексия» бо усули лапароскопӣ ба роҳ монда шуд. Соли 2024 экстирпатсияи рӯдаи мустақим, буриши корпокаудалии ғадуди зери меъда ва дигар ҷарроҳиҳои мураккаб бо усули лапароскопӣ анҷом ёфта, ҳиссаи ҷарроҳиҳои каминвазивӣ ба 66,9 дарсад расид.
Соли 2025 ин нишондиҳанда аллакай 73,7 дарсад шуд. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 бошад, ҷарроҳиҳои каминвазивӣ 75,1 дарсади амалиётро ташкил додаанд.
Аз 5 – 8 дарсад то 75,1 дарсад расидани нишондиҳанда дар даврони Истиқлол на танҳо афзоиши оморӣ, балки нишонаи тағйир ёфтани фарҳанги ҷарроҳӣ, сатҳи омодагии мутахассисон ва имкониятҳои техникии муассиса мебошад.

Солҳои 2024–2026: Марҳилаи нави муҷаҳҳазгардонӣ
Солҳои охир суръати навсозии техникӣ боз ҳам бештар шудааст. Соли 2024 шуъбаи урология бо як қатор таҷҳизоти истеҳсоли Олмон, Швейтсария, Италия ва дигар кишварҳо муҷаҳҳаз гардид. Дар миёни онҳо рафи эндоскопӣ бо монитори Full HD-и Karl Storz, камераи HD, дастгоҳи сангшикани пневматикии Swiss LithoClast 2, дастгоҳи рентгении C-arm, ултрасадои Samsung HS30, коагулятор ва маҷмӯи таҷҳизоти эндоурологӣ мавҷуданд.
Ҳамчунин, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шуъбаи урология бо дастгоҳи рентгении C-arm-и истеҳсоли Чин таъмин гардид. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад, барои шуъба дастгоҳи литотриптори масофавии Modulith SLK-и истеҳсоли Олмонро дастрас намуд.
Соли 2025 аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ маҷмӯи видеолапароскоп, дастгоҳи ултрасадои доплердор ва дастгоҳи рақамии рентгенӣ ворид гардиданд. Аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе генератори LigaSure, дастгоҳи шашканалаи ЭКГ, дефибриллятор, ду мизи ҷарроҳӣ ва видеогастроскоп таъмин карда шуданд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 боз як мизи ҷарроҳӣ ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ ва лампаи мобилии ҷарроҳӣ ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ дастрас гардидааст. Ҳамчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатии шаҳри Душанбе ба маблағи 4 миллиону 347 ҳазору 840 сомонӣ эндовидеосистемаи флуорестсентӣ барои визуализатсияи беморони онкологӣ, аз ҷумла онко-урологӣ рӯзҳои наздики дастрас мегардад.
Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки муҷаҳҳазгардонӣ дигар амали якдафъаина нест, балки ба раванди пайваста табдил ёфтааст.
Агар роҳи тайкардаи Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббиро дар тӯли солҳои Истиқлол таҳлил намоем, як хусусияти муҳим равшан мешавад: аксари дигаргуниҳои бузург натиҷаи ҳамкории чанд сатҳи идоракунӣ мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои байналмилалӣ замина фароҳам овардааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар масъалаи таҷҳизонидани муассиса, такмили имкониятҳои ташхисию табобатӣ ва омода намудани мутахассисон саҳм мегузорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии пойтахт бошанд, масъалаҳои нақлиёт, таҷҳизот, таъмиру навсозии инфрасохтор ва такмили ихтиси кормандон дар хориҷи кишварро пайваста дастгирӣ мекунанд.
Шуъбаи наҷоти марказ низ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва дастгирии Бонки Исломии Рушд аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид. Ҷарроҳихона низ таъмир ва бо дастгирии мақомоти шаҳри Душанбе бо дастгоҳи муосири эндовидеоҷарроҳӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Дар маҷмуъ, ин раванд ифодагари сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ мебошад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ, дастгирии тарҳҳои калони таҷдиду муҷаҳҳазгардонӣ ва сафарбар намудани имкониятҳои давлатӣ барои беҳбуди инфрасохтори тиббӣ дар мисоли Марказ натиҷаи назаррас додааст.
Рақаме, ки пушти он роҳи бузург меистад
Вақте мегӯем, ки имрӯз 75,1 фоизи ҷарроҳиҳо бо истифода аз технологияи каминвазивӣ анҷом мешаванд, ин рақамро набояд танҳо ҳамчун як нишондиҳандаи ҳисоботӣ қабул кард. Пушти он солҳои омӯзиш, бозомӯзии табибон, хариди таҷҳизот, таъмири биноҳо, сохтани инфрасохтори ёрирасон, рақамикунонӣ, такмили таъминоти нақлиётӣ ва аз ҳама муҳим – таҷрибаи садҳо мутахассиси соҳа қарор дорад.
Агар дар оғози давраи Истиқлол ҳиссаи технологияҳои каминвазивӣ ҳамагӣ 5-8 фоизро ташкил медод, имрӯз ба 75,1 фоиз расидани он як нишондиҳандаи воқеии тағйироти сифатӣ мебошад.
Муассаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» муассисаест, ки фаъолияти он бо муҳимтарин арзиши инсонӣ – ҳаёт пайванд дорад. Дар ин ҷо баъзан на рӯзҳо ва соатҳо, балки дақиқаҳо тақдири беморро муайян мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар мошини нави ёрии таъҷилӣ, ҳар дастгоҳи ташхисӣ, ҳар усули нави ҷарроҳӣ ва ҳар мутахассиси бозомӯхташуда маънои воқеии иҷтимоӣ дорад.
Таърихи рушди Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ дар даврони Истиқлол нишон медиҳад, ки аз таҷдиди бино дар соли 2002 то ворид намудани таҷҳизоти пешрафтаи эндовидеоҷарроҳӣ ва технологияҳои флуорестсентӣ дар солҳои 2024 – 2026 як роҳи пайгирона тай шудааст. Роҳе, ки дар он дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва кормандони соҳа бо ҳам пайваст гардидаанд.
35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ на танҳо як марҳилаи таърихӣ, балки ин давраи таҷдид, муосиршавӣ, технологикунонӣ ва баланд шудани сатҳи касбияти тиби таъҷилӣ аст.
Ва агар меъёри асосии пешрафти тиб ҳифзи саломатӣ ва наҷоти ҷони инсон бошад, пас ҳар беморе, ки саривақт ба ӯ ёрӣ расонида мешавад, ҳар амалиёти мураккабе, ки бо усули камосеб анҷом меёбад ва ҳар нафаре, ки бо саломатии беҳтар ба назди оилааш бармегардад, муҳимтарин натиҷаҳои ин роҳи 35-сола мебошанд.
Бобохон АБДУРАҲИМЗОДА,
директори Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ