Ҷашни 250 – солагии озодӣ ва 35 – солагии шарикӣ: Ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи амният
Давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 1776 таъсис ёфт, вақте ки падарони асосгузори мо юғи империализмро аз худ дур карданд ва заминаи давлати демократиро, ки аз тарафи халқ ва барои халқ идора мешавад, барпо кардаанд. Ҳангоми ҷашн гирифтани 250-солагии рӯзи истиқлолияти миллати мо рӯзи 4-уми июл, ман хоҳиш пайдо кардам, ки на танҳо дар бораи 250 соли таърихи миллати худ, балки инчунин дар бораи 35 соли шарикии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Тоҷикистон, ки бевосита пас аз истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1991 оғоз шуд, андешаронӣ кунам. Ман шуморо даъват мекунам, ки дар моҳҳои оянда тавассути силсилаи мақолаҳои таҳлилӣ дар бораи риштаҳои муштарак, ки халқҳои моро ба ҳам мепайванданд, баррасӣ кунем.
Ҷашни Рӯзи ғалабаи Тоҷикистон маро водор кард, ки аввал аз муносибатҳои зич ва самарабахш дар соҳаи амният байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сар кунам.
Робитаҳои кишварҳои мо дар соҳаи амният ва низомӣ аввалин бор дар давраи талошҳои муштарак дар мубориза бар зидди фашизм дар Ҷанги бузурги ватанӣ (Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ) оғоз шуд, вақте ки зиёда аз ним миллион сарбози амрикоӣ ва тоҷик ҷони худро қурбон кардаанд, то ба сохтани ҷаҳони беҳтари сулҳпарвар, шукуфоӣ ва ҳамкории байналмилалӣ саҳм гузоранд. Мо ин фидокориро дар доираи шарикии дуҷонибаи имрӯза гиромӣ медорем ва кӯшиш мекунем он арзишҳоеро, ки ормони онҳо буд, дастгирӣ кунем.
Вақте ки Тоҷикистон дар соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз аввалинҳо буд, ки давлати навтаъсисро шинохт бо эътиқоди он, ки Тоҷикистони соҳибихтиёр барои минтақа ва ҷаҳон муҳим мебошад. Ин суханон асос доранд: аз замони истиқлолияти Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиёда аз 400 миллион доллар кумаки амниятӣ ба Тоҷикистон расонидааст.
Танҳо дар тӯли якчанд соли охир Ҳукумати ИМА миллионҳо доллар кӯмак дар шакли омӯзиш, зерсохтор ва таъминоти техникӣ барои таъмини амнияти сарҳадҳои Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Ин ҳисса ба қувваҳои амниятии Тоҷикистон имконияти назорат кардани қаламрави васеъ ва кӯҳистонро ва вокуниши фаврӣ ба ҳамлаҳои сарҳадӣ дар вақти воқеӣ медиҳад.
Ҳамчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар давоми даҳсолаҳо сармояи зиёде ба талошҳои зиддитеррористии Тоҷикистон гузошта, барои рушди тавонмандии қувваҳои амниятӣ дар ҳифзи мардуми тоҷик аз хатарҳое, ки миллати осоиштаи шуморо таҳдид мекунад, кумак расонидааст. Танҳо дар давраи панҷ соли охир мо тахминан 40 миллион доллар кумаки зиддитеррористӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон расонидем, ки воҳидҳои зиддитеррористии Тоҷикистонро бо таҷҳизот ва омӯзиш таъмин кард. Ҳамон тавре ки мо якҷоя бар зидди фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷангидем, имрӯз мо якҷоя бар зидди террористоне мубориза мебарем, ки амният ва суботи ҳарду кишвари моро таҳдид мекунанд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико инчунин сохтмон ва таъмири зиёда аз 10 дидбонгоҳи сарҳадиро дар тӯли тамоми сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон маблаггузорӣ кард. Танҳо қисми сарҳадии Айвоҷ 14.5 миллион доллар маблағгузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро қабул кард – ин калонтарин сармоягузории ИМА дар зерсохтори сарҳадии Тоҷикистон то ба имрӯз мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида дастаҳои муҳандисӣ ва минатозкунии Тоҷикистон барои тоза кардани минаҳои таркиданашуда, ки ҳаёти тамоми мардуми тоҷикро таҳдид мекунад, омӯзонданд ва бо таҷҳизот таъмин карданд, ки он барои тоҷикону мусофирон имконияти лаззат бурдан аз табиати зебои ин кишварро барқарор кард. Ба шарофати талошҳои муштаракамон Тоҷикистон ҳоло коршиноси минтақавӣ дар соҳаи тозакунии минаҳо ва нобуд кардани лавозимоти ҷангӣ мебошад.
Қайд кардани он муҳим аст, ки ҳамкории мо дар соҳаи амният якҷониба нест; пас аз ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ дар Амрико рӯзи 11-уми сентябри соли 2001, Тоҷикистон намунаи шарикии ҳақиқиро нишон дода, дар ҷанг бар зидди терроризм дастгирии муҳим намуд. Дар рӯ ба рӯи таҳдиди ҷаҳонӣ ба соҳибихтиёрӣ ва субот аз тарафи террористони ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ба парвозҳои низомии ИМА иҷозати фуруд ва пур кардани сӯзишворӣ дод, ки он хатти таъминоти ҳаётан муҳимро барои қувваҳои эътилофӣ дар Афғонистон гузошт.
Президент Ҷорҷ Буш ва Президент Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2002 изҳороти муштарак карданд, ки шарикии стратегии дарозмуддати моро расмӣ гардонд, ва ваъда доданд, ки боз ҳам тавонмандии мустақили Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди терроризм рушд хоҳанд дод. Барномаи шарикии давлатии Гвардияи миллии Вирҷиния бо Тоҷикистон соли дигар оғоз шуд — он ҳанӯз яке аз дарозтарин шарикиҳои байни низомиён дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Тавассути ин барнома Гвардияи миллии Вирҷиния бо муваффақият зиёда аз 23 сол бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои амнияти киберӣ, тибби тактикӣ, амалиётҳои патрулӣ ва зиддитерроризм ҳамкорӣ кардааст.
Мо бо ифтихор аз дастовардҳои муштаракамон ва бо умедворӣ ба оянда 250-солагии рӯзи истиқлолияти Амрико ва 35-солагии шарикӣ байни ИМА ва Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Қувваҳои мусаллаҳи Амрико ва Тоҷикистон якҷоя бар зидди таҳдидҳои муштарак, аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ то мушкилоти имрӯзаи амнияти сарҳад, истодагарӣ кардаанд.
Сармоягузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба андозаи зиёда аз 400 миллион доллар дар кумаки амниятӣ ба Тоҷикистон тарафдории моро ба амнияти муштарак ва ба амиқтар гардондани шарикиамон инъикос мекунад. Ин далели эътиқоди мо мебошад, ки Тоҷикистони бехатару соҳибихтиёр ба манфиати тамоми минтақа мебошад. Мо якҷоя мубориза бар зидди терроризмро, ки ҳарду кишвари моро таҳдид мекунад, идома хоҳем дод ва мо якҷоя сохтани зарфиятҳоеро, ки мардуми моро ҳифз мекунанд, идома хоҳем дод. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарафдори Тоҷикистон мемонад — имрӯз, фардо ва баъд аз он.
Тоҷикистон ва Амрико: якҷоя ба пеш.
Кордори Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе хонум Карсон Релитc Рокер
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ