Даргирӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон. Ҷумъахон Фотеҳ таслим шуд
Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии «Толибон» дар вилояти Бадахшони Афғонистон пас аз чанд рӯзи даргирӣ бо нерӯҳои ин гурӯҳ таслим шудааст.
Расонаҳои Афғонистон рӯзи 17 август бо такя ба манбаъҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки Фотеҳ ҳамроҳ бо чанд тан аз фармондеҳонаш таслим шуда, баъдан ба воситаи чархбол ба шаҳри Файзобод – маркази вилояти Бадахшон интиқол дода шудааст. То ҳол «Толибон» дар бораи сарнавишти минбаъдаи ӯ ва ҳамроҳонаш шарҳи расмӣ надодаанд.
Ҷумъахон Фотеҳ ва нерӯҳои вафодор ба ӯ чанд рӯзи охир дар вулусволии Нусай ва минтақаҳои атрофи он бо нерӯҳои «Толибон» даргир буданд. Нусай дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ва дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ҳанӯз маълум нест, ки Фотеҳ бо кадом шартҳо силоҳ ба замин гузоштааст ва миёни ӯ ва раҳбарияти «Толибон» чӣ созише ҳосил шудааст. Манбаъҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки ҳамзамон раванди халъи силоҳи нерӯҳои таҳти фармони ӯ оғоз шудааст.
Қаблан расонаҳои Афғонистон хабар дода буданд, ки Фасеҳуддин Фитрат, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи «Толибон», барои музокира бо Ҷумъахон Фотеҳ ба Нусай рафтааст. Ҳадафи ин музокирот қатъи даргириҳо ва расидан ба тавофуқ гуфта мешуд.
Дар Тоҷикистон «Ҳаракати Толибон» тибқи ҳалномаи Суди Олӣ аз 30 марти соли 2006 ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташ манъ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ