Аз Восеъ то Бишкек. Роҳи фаъолияти Асомиддин Саидов (видео)
21 август зодрӯзи арбоби давлатӣ, вакили собиқи парлумон ва дипломат Асомиддин Саидов аст. Ӯ соли 2026 ба синни 76 мерасад.
Асомиддин Саидов 21 августи соли 1950 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.
Факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва баъдан Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намуда, муддате дар кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб омӯзгор буд.
Баъдан, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва раиси ноҳияи Вахш буд.
Ӯ соли 2005 вакили парлумон интихоб шуда, то моҳи майи соли 2008 фаъолиятро дар Маҷлиси намояндагон идома дод.
Моҳи майи соли 2008 Асомиддин Саидов Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон таъин гардида, то соли 2012 дар ин мақом фаъолият дошт.
Ҳамин тавр, фаъолияти Асомиддин Саидов аз омӯзгори физика то директори мактаб, аз раиси ноҳияву шаҳр то вакили парлумон ва сафир идома кардааст.
Барои фаъолияти байнипарлумонӣ ӯ бо Ифтихорномаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ низ қадрдонӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ