Дар пайи рашк ҳамсарашро бо сим буғӣ ва ба ҳалокат расонд (видео)

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як марди 50-сола хабар дод, ки ба куштори ҳамсари 49-солааш дар пайи рашк гумонбар мешавад.

Ин ниҳод аз дастгир шудани Зиёбек Раҷабов, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод ном бурда, навиштааст, рӯзи 18-уми август бо ҳамсараш Ҳавасгул Умарова, муноқиша намуда, ӯро дар дохили ҳаммом латукӯб кардааст.

«Сипас, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан бо сими алюминӣ ба гардани ҳамсараш 2 маротиба тоб дода, бо дандонаш роҳҳои нафас, даҳон ва бинияшро буғӣ карда, ба қатл расонидааст»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Алайҳи ӯ бо гумони «одамкушӣ» (бо моддаи 104 қисми 1 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои ВКД, боздоштшуда қаблан бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар Русия доғи судӣ гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *