Дар Тоҷикистон Фонди рушди сайёҳӣ таъсис ёфт
Дар Тоҷикистон Фонди рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд. Қарори дахлдорро Ҳукумати кишвар 1 июл қабул кардааст.
Яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории фонд 5 фоизи арзиши бастаҳои сайёҳӣ мебошад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба хориҷ харидорӣ мекунанд.
Ба фонд ҳамчунин маблағҳои зерин ворид мешаванд:
– пардохтҳои сайёҳии шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳар шабонарӯзи будубош;
– ҷаримаҳо барои напардохтани маблағҳои муқарраршуда;
– даромад аз пасандозҳо;
– грантҳо ва маблағҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ.
Маблағҳои фонд барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, омода ва дастгирии иҷтимоии мутахассисон, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон равона мешаванд.
Идораи фондро Шӯрои иборат аз 13 нафар ба ӯҳда дорад. Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ роҳбарии Шӯро ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳоро анҷом медиҳад.
Ҳар моҳ 30 фоизи маблағҳои воридшуда ба «Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ» гузаронида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ