Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди сиёсати хориҷӣ
19 август дар бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон нишасти илмию амалӣ дар мавзӯи “Нақши пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ: сиёсати хориҷии муваффақ ва эътирофи ташаббусҳо” бо иштироки ходимони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони хадамоти дипломатии тоҷик, аз ҷумла академик Талбак Назаров, Абдулмаҷид Достиев, Қозидавлат Қоимдодов, Рамазон Мирзоев, Эркин Раҳматуллоев ва Абдунабӣ Сатторзода баргузор гардид. Нишасти мазкурро ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Аъзамшоҳ Шарифӣ ифтитоҳ намуд. Дар зер матни гузориши профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзӯи “Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди сиёсати хориҷӣ”, ки ба ихтиёри сомонаи pressa.tj гузоштанд, пешкаш менамоем.
***
Агарчи раванди ташаккули сиёсати хориҷии нави Тоҷикистон амалан дар нимаи дувуми солҳои ҳаштодуми асри гузашта оғоз гардид ва Тоҷикистон ба мисли ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқи дигар бо истифода аз фурсати муносиби даврони Бозсозӣ ва Ошкорбаёнӣ ҳуқуқи истиқлол доштан дар сиёсати хориҷиро пайдо намуда буд, сиёсати хориҷии кишвар танҳо пас аз дарёфти Истиқлоли давлатӣ ташаккул ёфт ва мустақил шуд.
Тавре ки маълум аст, усули асосии сиёсати хориҷии нави Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол 19 ноябри 1992 дар Иҷлосияи таърихии ХУ1 дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи Раиси вақти Шӯрои олӣ ва Президенти муҳтарами феълии кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» эълон гардида буданд. Ва онҳо баъдан дар суханронӣ, гузориш, изҳорот, муроҷиатнома, мусоҳиба, нишастҳои матбуотӣ, дастуру супоришҳои Сардори Давлат ва Ҳукумат, махсусан дар Паёмҳои ҳамасолаи ӯ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ такмил ёфтанд. Бинобар ин Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми маънӣ бунёдгузори аслӣ ва воқеии сиёсати хориҷии нави Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд.
Роҳбари Давлат ва Ҳукумат он вақт, агар дар хотир дошта бошед, дар нахустин муроҷиатномааш ба мардуми ҷумҳурӣ ҳангоми баршумурдани масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки дар назди назди ҳар як давлати соҳибистиқлол меистоданд, ҳамчунин аз чанд масъалаи муҳиме ёд оварданд, ки ҳама ба сиёсати хориҷии кишвар дахл доштанд. Он масъалаҳо аз рӯйи тартибе, ки дар он санади таърихӣ – Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон омадаанд, инҳоянд:
1. Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ;
2. Барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд;
3. Аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ;
4. Мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Давлатҳои муштаракулманофеъ, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон;
5. Дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории дутурафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб намудаанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Аврупою Амрико;
Ва ниҳоят: 6. Ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Зимнан, вақте ки соли 2013 китоби академик Талбак Назаров ва камина “Дипломатияи муосири тоҷик” (2006) бо номи “Дипломатияи муосири Тоҷикистон” ба забонҳои дарӣ ва пашту дар Кобул нашр гардид, ин 6 самти асосие, ки Президенти муҳтарами Тоҷикистон барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян карда буд, замина барои сиёсати хориҷии давраи Ҷумҳурияти Афғонистон қарор гирифтанд, ки аз ҳаётӣ ва муҳим будани онҳо на танҳо барои кишваре чун Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки барои кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Афғонистон шаҳодат медиҳад.
Тавре ки мебинем, дар ин масъалагузорӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ усул ва самтҳои асосии он ба таври куллӣ баён гардидааст. Инкишофи баъдинаи ин усул ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро, чунонки дар боло ишора намуда будем, дар суханронӣ, гузориш, изҳорот, муроҷиатнома, мусоҳиба ва нишастҳои матбуотии сершуморе, ки пас аз ин Президенти муҳтарамамон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишварамон кардаанд, хусусан дар Паёмҳои ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мебинем.
Инкишофи босуръати робитаҳои дипломатӣ, сиёсӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии давлати соҳибихтиёр ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷии дуру наздик ва ҳам зарурати ҳарчи зудтар ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пайдо намудани ҷойи муносиби худ дар радифи халқу кишварҳои ҷаҳон доштани Консепсияи сиёсати хориҷиро тақозо мекард. Бинобар ин Ҷаноби олӣ 28 декабри соли 1993 ҳангоми суханрониашон дар Иҷлосияи ХУ111 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина масъалагузорӣ карда, гуфта буданд: “Моро дар аввал лозим аст, ки як консенпсияи томи сиёсати беруниро дар даст дошта бошем, то равшан тасаввур карда тавонем, ки вазъи воқеӣ дар ҷаҳон чӣ гуна асту фаъолияти давлатамон дар арсаи байналхалқӣ ба кадом тарафҳо ва ба чӣ тарзе ҷараён гирад”.
Роҳбари Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар суханролниаш на танҳо таъкид ба зарурати танзими консептсияи сиёсати хориҷӣ, балки ишора ба баъзе аз нуктаҳои умдаи он ҳам карда буданд. Аз ҷумла, он кас тавсия дода буданд, ки ҳангоми таҳияи консептсияи сиёсати хориҷӣ ин нукта ба назар гирифта шавад, ки: “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад.
Ҳавзаи якум – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
Ҳавзаи дувум – Осиёи Марказӣ;
Ҳавзаи савум – фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон;
Зимнан, дар омади гап, ба маврид аст ёдовар шавем, ки дар сафари охири ҳайати Тоҷикистон ба Эрон ноиби аввали Президенти Эрон ҷаноби Муҳаммадризо Ориф пас аз 33 соли эълони ин самти асосии сиёсати хориҷии мо аз тарафи Президенти муҳтарами Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Иттиҳоди кишварҳои форсизабон ташкил карда шавад.
Ҳавзаи чаҳорум – доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ;
Ниҳоят, Ҳавзаи панҷум – ҷомеаи байналмилалӣ.
Нуктаи дигаре, ки Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба эътибор гирифтани онро ҳангоми таҳияи консептсияи сиёсати хориҷӣ таъкид намуда буданд, “дарёфти баланси оқилона ва одилонаи манофеи мухталифи давлатҳост”. Он кас ҳалли ин масъаларо махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки “ҳамагӣ ду сол боз ба майдони муносибати ҷаҳонӣ ворид шудааст, дар бахши фаъолияти байналхалқӣ – чӣ сиёсату чӣ тиҷорат – таҷрибаи кофӣ надорад” зарур мешуморанд ва мегӯянд, ки “бинобар ин, ҳангоми муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷиамон, хусусан авлавияти ину он тадбир ё ташаббуси байналхалқӣ, моро зарур аст, ки манфиат ё ниёзҳое, ки дар ҳавзаи мазкур дорем ё хоҳем дошт, ба ҳам муқобил намегузорем” ва маҳз аз ҳамин мавқеъ роҳбари Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон суханрониаш усули муносибат бо Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро шарҳ дода буд. Дурустии чунин асл дар сиёсати хориҷии моро дар мулоқоте, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон дар ин охирҳо карданд, Президентемон бори дигар таъкид карданд.
Тавре ки маълум аст, бо гузаштани 13 сол пас аз қабули Консептсияи аввали сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 24 сентябри соли 2002 Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 марти 2013 дар рӯзи ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зарурати таҳияи тарҳи нави Консептсияи сиёсати хориҷии кишварамон таъкид карданд ва он 27 январи соли 2015 тасдиқ гардид.
Ба ин суханони камина хоҳиш мекунам эътимод кунед, ки консептсияи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон моҳиятан давоми консептсияи якум мебошад. Зеро бояд ба шумо маълум бошад, ки Консептсияи якум санади сиррӣ буда, матни он дар ҳеч ҷое нашр нагардидааст ва табиист, ки на ҳамаи шумо имкони мутолиа ва муқоисаи он бо Консептсияи навро доред. Камина ифтихори онро дорам, ки дар раванди таҳияи он иштирок доштам ва бо матнаш шинос ҳастам.
Муаллифони китоби арзишманди “35 лет внешней политики Республики Таджикистан в условиях государственной независимости» бо сардории дипломати номии тоҷик Зафар Саидзода, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ба забони русӣ ба тозагӣ ба табъ расидааст, дар партави фаъолиятҳои босамар ва бобарори Президенти муҳтарами Тоҷикистон на танҳо масъалаи зарурати такмили консепситсияи навтарини сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти дигагуниҳои кулии босуръате, ки дар дунё ба вуҷуд омадаанд ва ҳам шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва тағйири авлавиятҳои миллӣ ва минтақаӣ ба миён гузоштаанд, балки тарҳи онро низ пешниҳод намудаанд, ки қобили таваҷҷӯҳ мебошад.
Ҳамаи ин гувоҳи равшани он аст, ки Роҳбари Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи сиёсати хориҷӣ ва фаъолияти муассисаҳои он аз аввали рӯзҳои ба сари қудрат омаданаш диққати фавқулода дода буд ва онро идома дода истодааст. Ва ин бесабаб нест. Зеро муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарӣ кардан ба фаъолияти рӯзмарраи муассисаҳои он, ҳамчунин татбиқи амалии он на танҳо вазифаи конститутсионии ӯ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар аввал ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои баъдӣ мебошад, балки вай ба хубӣ дарк менамояд, ки имрӯз дар дунё ҳеч кишваре бе сиёсати дурусти хориҷӣ наметавонад пеш равад. Пешравиҳо дар татбиқи сиёсати дохилӣ, чунонки маълум аст, аз бисёр ҷиҳат ба фароҳам овардани шароити мусоид ва фазои муносиб дар хориҷ аз кишвар вобастагӣ дорад.
Ва ҳоло бо қаноатмандӣ ҳамаи мову шумо метавонем тасдиқ намуд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 35 соли даврони Истиқлоли давлатӣ ба шарофати роҳбарии оқилонаи Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала ба марҳала фаъол, мутавозин, амалгаро, воқеъбинона, ҳадафмандона, санҷида, устувор, боэътимод, босамар, фарогир ва бисёрсамтӣ шудааст ва хадамоти дипломатии тоҷик ва, пеш аз ҳама, муассисаи асосии он Вазорати корҳои хориҷии он имрӯз барои иҷрои вазифаҳои муҳимтар ва бузургтаре омода ҳастанд.
Дар охир ба як нуктаи аз назари камина бисёр муҳим диққати шуморо ҷалб карданиям, ки Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо бунёдгузори сиёсати хориҷии нави Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва роҳбару ҳидоятгари муваффақи он мебошад, балки ташаббускор ва илҳомбахши бисёре аз ташаббусҳои созанда ва зарурӣ дар миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ҳаст, аз қабили Соли баналмилалии оби тоза дар соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии фаъолияти “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005 ва 2025, Соли ҳамкории баналмилалии дар соҳаи об дар соли 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028. Бояд эътироф намуд, ки маҳз ба шарофати ташаббусҳои созандаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи “об” ба рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои ҳалталаб ба таври доимӣ дохил гардид. Ва тасодуфӣ нест, ки маҷаллаи маъруфи англисизабони “Trends” (Ҷумҳурии исломии Эрон) эътироф намудааст, ки “ҶумҳурииТоҷикистон дар ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об пешсаф аст”.
Ва ниҳоят мехоҳам ба таври хоса ба моҳияти муҳимми ташаббуси охирини Президенти муҳтарами Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмоалӣ Раҳмон таъкид намоям. Тавре ки шумо хабар доред, 25 моҳи июли соли равон Маҷмаи умумии СММ дар асоси пешниҳоди Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусеро бо номи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои ояндаро дар солҳои 2027 ва 2036”-ро қабул намуд. Аз тарафи бонуфузтарин сохтори СММ қабул гардидани қатъномаи махсуси “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар солҳои 2027 ва 2036” яке аз дастовардҳои бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки маҳз ба шарофати обурӯ ва эътибори баланди роҳбари ҷумҳуриамон дар арсаи байналмилаӣ амалӣ гардид ва таъкид мекунам, ки он тасодуфӣ ҳам нест.
Зеро, тавре ки шумо огоҳ ҳастед, таҷрибаи дар зоти худ нодири сулҳи тоҷикон на танҳо аҳаммияти дохили миллӣ, балки арзиши муҳимми байналмилалӣ низ дошт. Дабири кулли вақти СММ ҷаноби Кофе Анан, ки он солҳо ба таври мунтазам ва огоҳона раванди сулҳи тоҷиконро пайгирӣ мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ таъкид намуда буд, ки «таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад».
Ба маврид аст, ки ба хотирамон биёрем, ки Сулҳи Тоҷикистон яке аз амалиётҳои бобарори сулҳофаринии СММ дар тӯли фаъолиятҳои он ба шумор меравад. Ҳол он ки низоъҳои дигар, аз қабили низоъҳои арабҳову исроилиён, арабҳову фаластиниҳо, инглисиҳову ирландиҳо, покистониҳову ҳиндиҳо ва ғайра солҳои сол идома доранд ва ҳанӯз ҳам аз ҳаллашон дараке нест. Ба болои ин солҳои охир миқдори низоъҳо дар байни баъзе аз кишварҳо ва минтақаҳои дунё ба ҷойи кам шудан афзоиш ва тезутунд шуда истодаанд. Барои мисол, ҷангеро, ки Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба муқобили Эрон оғоз намуданд, на танҳо як мнтақаи бузурги ҷаҳонро ноором кард, балки хатари воқеъии густариши он дар минтақаҳои дигар низ вуҷуд дорад. Дар чунин вазъи нороми дунё ташаббуси нави роҳбари кишвари мо саривақтӣ ва зарурӣ буда, яке аз роҳҳалҳои дурусти пешгирӣ ва ҳалли чунин низоъҳо ба шумор меравад.
Сухан ва гуфтаниҳо дар заминаи мавзӯи нақши Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар рушди сиёсати хориҷии кишвар зиёд аст, аммо ба хотири риояи маҳдудаи вақт бо он чи гуфта шуд, иктифо мекунем ва мегӯем, ки ба Президенти муҳтарамамон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати хориҷии бобарори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол барор мехоҳем.
Абдунабӣ Сатторзода,
доктори илми филология, профессор, Кордори Фавқулода ва Мухтори дараҷаи як, узаи пайвастаи Фарҳангистон забон ва адаби форсӣ, доктори ифтихории Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Русия
шаҳри Душанбе, 19 августи 2026.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ