Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз хобгоҳи нав дар Роғун

20 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуд.

Хобгоҳи нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зисту истироҳати кормандони ширкат сохта шуда, дар он 84 ҳуҷраи хоб мавҷуд аст.

«Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, барои кормандон шароити муосири истиқомат фароҳам гардидааст», – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар хобгоҳ камераҳои назоратӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ насб гардидааст.

Хобгоҳи нав дар мавзеи наздик ба қитъаи сохтмон ба сарфаи вақти кормандон мусоидат менамояд.

Дар ҳаминҷо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон лоиҳаи нави биноҳои иловагӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи биноҳо то охири сол сохта ба истифода дода мешаванд.

Гуфта мешавад, ки зимни сафари корӣ дар Неругоҳи Роғун, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *