Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун
Имрӯз, 20 август зимни сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави Прокуратура ифтитоҳ ёфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар бинои нав 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст, ошхона, толор барои варзиш ва дигар утоқҳои ёрирасон мавҷуд аст.
Дар баробари таъмини шароити корӣ, ҳамчунин, дар иншоот ҳуҷраҳои зист низ барои кормандон муҳайё гардидааст.
Сохтмони бино бо сифати баланд ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.
Бинои нави хизматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукуҳи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандони прокуратура арзёбӣ гардид.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои прокуратура ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.
Зимни суҳбат бо масъулин Пешвои миллат барои тақвият бахшидани фаъолият, назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба кормандон дастуру тавсияҳо дод.
Талаб карда шуд, ки кормандони мақомоти прокуратура бояд вазифаҳои хизматии худро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардум иҷро намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ