Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова даргузашт
Шоир, нависанда, драматург ва тарҷумон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода Ҳадиса Қурбонова даргузашт.
Ҳадиса Қурбонова дар адабиёти тоҷик бо осори назмиву насрӣ, драмавӣ ва тарҷумаҳояш саҳми назаррас гузоштааст. Аз ҷумла, китобҳои «Паймон», «Шукрона», «Сомон», «Даргоҳи Офтоб», «Эҳсон», «Лоиқ намеояд дигар», «Мадина», «Сояи миҷгон», «Ҳилолӣ», «Меҳвари ишқ», «Тӯфон» ва «Девон» аз ҷумлаи осори ӯ мебошанд.
Ӯ ҳамчунин намоишномаҳои «Мӯниса», «Машъали ҷовид», «Дуроҳа», «Зиндагӣ» ва «Савти нотамом»-ро навишта, дар тарҷумаи осори адибони дигар низ фаъолият кардааст.
Шеърҳои Ҳадиса Қурбонова ба забонҳои русӣ, белорусӣ ва чанд забони дигар тарҷума ва дар хориҷи кишвар нашр шудаанд.
Даргузашти ӯ барои адабиёт ва фарҳанги тоҷик талафоти ҷуброннопазир арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ