Журналист, сиёсатшинос, арбоби давлатӣ 73 – сола шуд (видео)

20 август зодрӯзи собиқ Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва арбоби давлатӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ мебошад. Ӯ  соли 1953 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст.

Мирзошоҳрух Асрорӣ соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог – шарқшинос ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи шаҳри Тошкандро бо ихтисоси журналист – сиёсатшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1975, баъди хатми донишгоҳ, ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Афғонистон оғоз намудааст. Дар солҳои гуногун дар вазифаҳои масъул, аз ҷумла сармуҳаррир, директори Радиои Тоҷикистон, сармутахассиси Раёсати корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, сардори раёсат, мушовир ва роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолият дошт.

Солҳои 2006–2013 Мирзошоҳрух Асрорӣ Вазири фарҳанги  Тоҷикистон буд. Дар ин давра дар рушди соҳаи фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти фарҳанг саҳм гузоштааст.

Барои фаъолияти самаранок ва хизматҳои шоиста дар назди давлату ҷомеа Мирзошоҳрух Асрорӣ бо медали «Хидмати шоиста» ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *