Тоҷикистон аз Эрон 2,55 миллион тонна маводи сӯхт дархост кард

Тоҷикистон аз Эрон барои таъмини бозори дохилӣ 2,55 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ дархост кардааст. Ин масъала дар мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Эрон Фарзона Содиқ баррасӣ шудааст.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, аз ҳаҷми дархостшуда 2 миллион тонна нафти хом, 150 ҳазор тонна бензин, 300 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва 100 ҳазор тонна сӯзишвории ҳавопаймоӣ мебошад.

Барои интиқоли ин миқдор маҳсулоти нафтӣ тақрибан 51 ҳазор вагон зарур аст.

Дар ин замина, ҷониби Тоҷикистон аз Эрон хостааст барои ташкили қатораи махсуси боркаш аз вагонҳои систернадор ва фароҳам намудани шароити махсуси интиқоли сӯзишворӣ мусоидат кунад.

Ҳамчунин, пешниҳод шудааст, ки ҳангоми ҳаракати вагонҳои ҳомили сӯзишвории Тоҷикистон дар шабакаи роҳи оҳани Эрон барои онҳо «долони сабз» ва низоми махсуси интиқол ташкил карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *