Хизматрасониҳои давлатӣ пурра электронӣ мешаванд
19 август таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид. Дар он аъзои Шуро ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Сохтори ягона
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030, инчунин пешниҳоди масъалаи «Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти кишвар таъкид намуд, ки таъсиси Шуро идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти навсозии иқтисоди миллӣ, такмили идоракунии давлатӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ мебошад. Зикр гардид, ки эълон шудани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва тасдиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026 – 2030 барои пешбурди ин раванд заминаи зарурӣ фароҳам овардааст.

Сарвари давлат иброз дошт, ки рақамикунонӣ бояд, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани зиндагии мардум, сарфаи вақти шаҳрвандону соҳибкорон, кам шудани хароҷоти иловагӣ, шаффофияти идоракунӣ ва афзоиши рақобатнокии иқтисоди миллӣ хизмат намояд.
Таъкид гардид, ки дар мамлакат низомҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои электронӣ роҳандозӣ шудаанд, вале фаъолияти ҷудогонаи онҳо, такроран талаб намудани маълумот, мавҷудияти расмиёти коғазӣ ва номуайянии натиҷаи баъзе лоиҳаҳо ҳанӯз мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, ҳамгироии низомҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти киберӣ, шаффофияти хароҷот ва риояи принсипи «маълумот танҳо як маротиба» аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳадаф барои солҳои 2027 — 2030
Муовини Раиси Шуро, Муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода доир ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ гузориш дод.
Дар идома Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода вобаста ба ҷалби сармоя ва механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳои рақамӣ ва Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода оид ба омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ иттилоъ дод.
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо вобаста ба рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот пешниҳодҳо манзур кард.
Зимни муҳокима таъкид гардид, ки ҳар як пешниҳоди марбут ба рақамикунонӣ бояд ба натиҷаи мушаххас, муҳлати иҷро, манбаи маблағгузорӣ ва масъулияти роҳбарон пайваст карда шавад. Барои солҳои 2027 — 2030 ҳадафҳои солона ва натиҷаи ниҳоӣ муайян гардида, аз таҳияи чорабиниҳои такрорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои беасос пешгирӣ карда шавад.
Чор принсип
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зарур шумор, ки рақамикунонӣ дар асоси чор принсипи асосӣ – натиҷаи мушаххас барои инсон ва иқтисод, роҳандозии сохтори ягонаи рақамии давлат, пешниҳоди маълумот танҳо як маротиба ва дастрасии баробари шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ карда шавад.
Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ ташкили низоми ягонаи идоракунии равандҳои рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, ташкили низоми миллии маълумот ва ҳамгироии феҳристҳои давлатӣ, пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии бахшҳои воқеии иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ, соҳибкории рақамӣ ва инноватсия, ҷалби сармоя, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти киберӣ муайян гардиданд.
Кадр, сармоя ва зеҳни сунъӣ
Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки масъулони сатҳи техникиро барои ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди низомҳои рақамӣ муайян намуда, дар ин самт бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ монанд.
Ба мақомоти давлатии хизматрасон супориш дода шуд, ки барои ворид намудани хизматрасониҳои худ ба портали ягона ва пешниҳоди пурраи онҳо дар шакли электронӣ чораҳои бетаъхир андешанд. Пеш аз электронӣ намудани ҳар як хизматрасонӣ тартиби он содда гардида, талаботи зиёдатӣ, ҳуҷҷатҳои такрорӣ ва муроҷиати беасос ба чанд мақом барҳам дода шаванд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо Вазорати адлия ва вазорату идораҳои соҳавӣ вазифадор гардид, ки нақшаи марҳала ба марҳала пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои афзалиятноки давлатиро пешниҳод намояд.
Таъкид гардид, ки Хадамоти алоқа якҷо бо мақомоти дахлдор бояд иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи рушди соҳаи алоқаро таъмин намуда, диққати асосиро ба баланд бардоштани сифат ва фарогирии интернет, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, равона созад.
Ба Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор харитаи гузариш ба расмиёти пурра бекоғазро таҳия ва татбиқ намояд.
Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардиданд, ки оид ба ҷалби сармояи хусусӣ ва рушди соҳибкории рақамӣ пешниҳодҳо манзур намоянд. Таъкид гардид, ки дастгирии давлатӣ бояд шаффоф, рақобатнок ва ба натиҷа нигаронида шуда, барои иштироки ширкатҳои ватанӣ ва ба кор даровардани маҳсулоти инноватсионӣ имконияти бештар фароҳам оварда шавад.
Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ барномаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳоро ба талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ созад. Таъкид гардид, ки дар баробари малакаҳои касбӣ, тадбирҳо барои баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ низ бояд тақвият дода шаванд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти киберӣ пешниҳодҳо манзур намояд.
Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳоро аз рӯйи натиҷаҳои рақамикунонӣ арзёбӣ намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ