Корномаи сулҳ дар оинаи як китоб (видео)

Боиси хушнудист, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобу мақолаҳои зиёде ба нашр мерасанд, ки ба таҳқиқу бозгӯии марҳалаҳои муҳими таърихи навини давлатдории тоҷикон бахшида шудаанд. Ҳар яке аз чунин асарҳо аз як зовия роҳи тайкардаи ҷомеаи моро дар солҳои соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мекунанд ва барои шинохти воқеаҳои сарнавиштсоз аҳаммияти муайян доранд.

Дар миёни ин осор китоби Шариф Ҳамдампур бо номи «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» ҷойгоҳи хос дорад. Ба назари ман, ин китоб аз ҷумлаи асарҳоест, ки барои муаррифии шахсият, фаъолияти сиёсӣ ва корномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти муҳим касб мекунад.

Муаллиф асарро дар қолаби очерки ҳуҷҷативу публисистӣ таҳия намуда, онро ба бобҳои алоҳида тақсим кардааст. Ҳар боб як марҳилаи муҳими таърихӣ, сиёсӣ ё иҷтимоии кишварро фаро мегирад. Ин тарзи сохтори китоб ба хонанда имкон медиҳад, ки рӯйдодҳоро на ба таври пароканда, балки дар пайванди мантиқии онҳо дарк намояд.

Яке аз меҳварҳои асосии китоб талошҳои роҳбарияти олии кишвар барои расидан ба сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Муаллиф махсусан ба сафарҳое таваҷҷуҳ кардааст, ки дар шароити бисёр ҳассос ва пуртаҳлукаи солҳои аввали Истиқлол анҷом ёфтаанд. Ин сафарҳо танҳо ташрифҳои корӣ набуданд. Ҳар кадоми онҳо бо тақдири сулҳ, ояндаи давлат ва сарнавишти мардум иртибот дошт.

Дар китоб сафари Хусдеҳ, мулоқотҳо дар Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, суҳбатҳо бо роҳбарони сиёсии минтақа ва муҳимтар аз ҳама, гуфтугуҳои рӯ ба рӯ бо намояндагони мухолифин мавқеи махсус доранд.

Дар он рӯзҳо яке аз масъалаҳои асосӣ пешгирӣ аз идомаи ҷанг ва пайдо кардани роҳи гуфтушунид буд. Роҳбари давлат бояд ҳамзамон бо гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ, намояндагони ҷомеа ва миёнаравони хориҷӣ кор мекарданд ва роҳҳои наздик намудани мавқеъҳоро меҷустанд.

Муаллиф маҳз ҳамин ҷиҳати фаъолияти Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст.

Бахшҳои марбут ба Хусдеҳ аз ҷумлаи қисматҳои муҳими китобанд. Дар онҳо муаллиф на танҳо воқеаи як мулоқотро тасвир мекунад, балки фазои он рӯзҳо, душвории қарорҳо ва масъулиятеро, ки бар дӯши роҳбари давлат қарор дошт, нишон додан мехоҳад.

Мулоқот бо роҳбарияти вақти Афғонистон, суҳбат бо профессор Бурҳониддин Раббонӣ, гуфтугуҳо бо Аҳмадшоҳи Масъуд ва пеш аз ҳама, рӯ ба рӯ нишастан бо рақибони сиёсӣ ба хотири пайдо кардани роҳи сулҳ аз лаҳзаҳое мебошанд, ки дар асар бо таваҷҷуҳи махсус ба қалам дода шудаанд.

Муаллиф кӯшиш мекунад нишон диҳад, ки дар чунин шароити мураккаб Сарвари давлат чӣ гуна мавқеи худро баён мекарданд, масъалаҳоро матраҳ менамуданд ва барои расидан ба ҳадафи эълоншудаи сулҳу суботи кишвар талош меварзиданд. Аҳаммияти ин бахшҳо дар он аст, ки онҳо хонандаро ба дохили воқеа мебаранд.

Сухан танҳо аз натиҷаи музокирот намеравад. Хонанда инчунин мефаҳмад, ки то расидан ба як созиш чӣ гуна баҳсҳо, мулоқотҳо ва гуфтушунидҳо сурат гирифтаанд.

АЗ ВАЪДА ТО АМАЛ

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз андешаҳои меҳварие, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон садо дод, масъалаи овардани сулҳ ба кишвар буд.

Муаллифи китоб ин нуктаи таърихиро ҳамчун як хати асосӣ пайгирӣ мекунад. Ӯ мекӯшад нишон диҳад, ки он сухан танҳо як изҳороти сиёсӣ боқӣ намонд. Барои амалӣ намудани он сафарҳои зиёд анҷом дода шуданд, гуфтушунидҳои душвор баргузор гардиданд, бо мардум, намояндагони нерӯҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои гуногун мулоқот сурат гирифт.

Ба назари ман, яке аз бартариҳои китоб ҳамин аст, ки муаллиф роҳи аз ваъда то амалро нишон додан мехоҳад. Яъне, хонанда на танҳо мефаҳмад, ки ҳадаф чӣ буд, балки мебинад, ки барои расидан ба он чӣ гуна марҳилаҳо тай шудаанд.

МУАЛЛИФ ШОҲИДИ РӮЙДОДҲО

Арзиши дигари китоб дар он аст, ки Шариф Ҳамдампур дар қисме аз ин сафару мулоқотҳо худ ҳузур доштааст. Ӯ танҳо аз рӯйи маводи баъдтар ҷамъоваришуда сухан намегӯяд. Дар баробари санаду ҳуҷҷатҳо ва суҳбат бо иштирокдорони воқеаҳо, мушоҳидаҳои шахсии рӯзноманигор низ дар асар ҷой гирифтаанд. Ин омил ба матн хусусияти хос мебахшад.

Шоҳиди воқеа баъзан ҷузъиётеро мебинад, ки дар санади расмӣ сабт намешавад: лаҳзаи сукут, тарзи муносибат бо мардум, ҳолати равонӣ дар як мулоқоти душвор, сухане, ки берун аз протокол гуфта мешавад.

Дар очерки ҳуҷҷативу таърихӣ чунин ҷузъиёт барои зинда нигоҳ доштани муҳити давра аҳаммияти калон дорад. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки чунин лаҳзаҳоро бо таҳлилҳои худ ва бо такя ба маводи ҷамъовардааш ба хонанда пешкаш намояд.

Дар китоб танҳо сафарҳои хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифтаанд. Муаллиф ба сафарҳои душвору хатарноки роҳбари давлат ба минтақаҳои дохили ҷумҳурӣ низ рӯ овардааст. Аз ҷумла, сафари нахустин ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мулоқот бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ва баррасии масъалаҳои мураккаби сиёсию иҷтимоии он давра дар асар инъикос шудаанд.

Ин бахшҳо барои хонандаи имрӯз махсусан муҳиманд. Зеро бо гузашти вақт бисёр чизҳо одӣ менамоянд. Имрӯз сафар ба ҳар минтақаи кишвар як амали маъмулист. Аммо дар он солҳо сафар ба баъзе минтақаҳо метавонист бо хатари ҷонӣ рӯ ба рӯ шавад. Аз ин хотир, барои фаҳмидани аҳаммияти он рӯйдодҳо онҳоро бояд дар муҳити замони худ арзёбӣ кард.

Муаллиф маҳз ҳамин корро анҷом медиҳад: воқеаро дар заминаи таърихии он мегузорад ва сипас ба таҳлили моҳияти он мепардозад.

Дар сохтори китоб як хусусияти дигар низ ба назар мерасад: муаллиф воқеаҳоро марҳала ба марҳала пайгирӣ мекунад. Аз рӯзҳои душвори оғози давлатдорӣ то сафарҳои музокиротӣ, аз гуфтугӯ бо мухолифин то фароҳам омадани заминаҳои сулҳи сартосарӣ. Ҳамаи ин дар як риштаи умумӣ ба ҳам пайваст шудаанд.

Дар маркази ин ришта нақши созандаи роҳбари давлат қарор дорад. Муаллиф кӯшиш мекунад нишон диҳад, ки сулҳ якбора ба даст наомад. Он натиҷаи як силсила тасмимҳо, мулоқотҳо, музокирот ва гузаштҳои сиёсӣ буд.

Аз ҳамин ҷиҳат, китоб барои хонандаи имрӯз имконият медиҳад, ки на танҳо натиҷаи ниҳоӣ, балки раванди расидан ба он натиҷаро низ бубинад.

АЗ СУЛҲ БА ДАВЛАТСОЗӢ

«Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» танҳо ба масъалаи сулҳ маҳдуд намешавад.

Ҳатто номи китоб низ ин маъниро ифода мекунад.

Хусдеҳ ба марҳалаи душвори ҷустуҷӯи сулҳ иртибот мегирад. Сингапур бошад, рамзи марҳалаи дигар – таваҷҷуҳ ба таҷрибаи давлатҳои пешрафта, иқтисод, идоракунӣ ва рушди ҷомеа мебошад.

Яъне муаллиф мехоҳад роҳи васеътареро нишон диҳад: аз барқарор намудани сулҳ то таҳкими давлат, аз суботи сиёсӣ то ҷустуҷӯи роҳҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ.

Ин мантиқи дохилии китоб ба назари ман дуруст интихоб шудааст.

Зеро сулҳ худ ҳадафи ниҳоӣ нест. Сулҳ заминаест барои давлатсозӣ, рушди иқтисод, маориф, фарҳанг ва беҳтар намудани зиндагии мардум.

Китоби мазкур, ба назари ман, барои таърихнигорон, рӯзноманигорон, муҳаққиқони соҳаи сиёсат ва умуман, барои аҳли ҷомеа аҳаммият дорад.

Дар баробари ин, услуби китоб низ қобили таваҷҷуҳ аст. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки рӯйдодҳои мураккаби сиёсиро бо забони сода, фасеҳ ва фаҳмо баён намояд. Ин хусусият боиси он мегардад, ки асар танҳо барои мутахассисон набошад. Хонандаи одӣ низ метавонад онро мутолиа карда, муҳтавои рӯйдодҳоро дарк намояд.

Дар баробари санад ва таҳлил, истифодаи лаҳзаҳои зинда, суҳбатҳо ва тасвирҳо ба китоб хусусияти публисистӣ бахшидааст.

КИТОБ БОЯД БА ҶАВОНОН РАСАД

Ба назари ман, хуб мебуд, ки «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас гардад.

Ин зарурат пеш аз ҳама ба тарбияи насли ҷавон иртибот дорад. Ҷавонони имрӯз бисёре аз рӯйдодҳои солҳои аввали Истиқлолро надидаанд. Барои онҳо сулҳу субот як ҳолати табиии зиндагӣ менамояд. Аммо насли нав бояд бидонад, ки сулҳ чӣ гуна ба даст омад, давлат дар кадом шароит ташаккул ёфт ва барои расидан ба оромии имрӯза чӣ гуна талошҳо сурат гирифтанд.

Лаҳзаҳое, ки муаллиф дар китоб интихоб кардааст, бисёре аз онҳо воқеан тақдирсоз ва сарнавиштсозанд. Омӯзиши чунин рӯйдодҳо метавонад дар ташаккули ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон саҳм гузорад.

Ман фикр мекунам, ки ин китоб метавонад барои ҷавононе, ки мехоҳанд Ватанро бишносанд, ба таърихи давлатдории навини худ таваҷҷуҳ дошта бошанд ва дар оянда ба ҷомеа содиқона хизмат кунанд, ба як китоби рӯйи миз табдил ёбад. Зеро дар саҳифаҳои он танҳо рӯйдодҳо нестанд. Дар онҳо ҷасорат, масъулият, ирода, садоқат ба давлат ва талош барои сулҳу ваҳдат таҷассум ёфтааст.

Китоби «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» аз ҳамин дидгоҳ асари қобили таваҷҷуҳ аст. Он ба хонанда имконият медиҳад, ки ба баъзе аз саҳифаҳои муҳими таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз наздиктар назар кунад, роҳи расидан ба сулҳро беҳтар дарк намояд ва нақши шахсиятҳоро дар ин раванд арзёбӣ кунад.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академик

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *