Қадршиносии Манижа Сангин дар Ватан
Сарояндаи маъруфи тоҷиктабор Манижа Сангин дар рӯзҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба Душанбе омадааст. Дар ҳамин рӯзҳои идона ӯ барои саҳмаш дар муаррифии фарҳангу ҳунар бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуд. Ин нахустин қадршиносии ин сарояндаи номвар дар Ватан мебошад.
Манижа Далеровна Сангин, ки номи хонаводагиаш Ҳамроева аст, 8 июли соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Кӯдакии ӯ ба яке аз душвортарин давраҳои таърихи навини Тоҷикистон рост омад. Соли 1994, замони ҷанги шаҳрвандӣ, хонаводааш маҷбур шуд Тоҷикистонро тарк карда, ба Русия кӯч бандад. Тибқи маълумоти Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон, дар ҳамон сол бар асари даргириҳо ба хонаи оилаи онҳо тири тӯп бархӯрда буд. Ин таҷрибаи талхи кӯдакӣ баъдан дар ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷамъиятии Манижа таъсири амиқ гузошт.
Набераи адиб
Манижа аз хонаводаи дорои суннатҳои фарҳангӣ баромадааст. Бобои ӯ Тоҷӣ Усмон – адиб, рӯзноманигор ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик буд. Худи Манижа дар суҳбат бо матбуоти тоҷик гуфтааст, ки осори бобояш, аз ҷумла таваҷҷуҳи ӯ ба эҷодиёти занони суханвар, ба ташаккули завқи адабӣ ва ҷаҳонбинии ӯ таъсир гузоштааст. Ба гуфтаи сароянда, ӯ аз ҳаштсолагӣ шеър менавишт ва аз синни 11-солагӣ ба эҷоди суруд рӯ овард.

Ru.Kola ва оғози роҳи ҳунарӣ
Роҳи Манижа ба саҳна осон набуд. Ӯ аз овони наврасӣ бо мусиқӣ машғул шуда, муддате бо тахаллуси Ru.Kola ҳунарнамоӣ мекард. Баъдан бо гурӯҳҳои гуногуни мусиқӣ ҳамкорӣ намуда, ниҳоят фаъолияти мустақили эҷодиро пеш гирифт. Яке аз вижагиҳои ӯ ин буд, ки барои муаррифии сурудҳояш бештар аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ истифода кард. Наворҳои кӯтоҳи мусиқие, ки худаш таҳия мекард, тадриҷан мухлисони зиёд пайдо карданд ва Манижаро ба чеҳраи шинохтаи мусиқии муосири Русия табдил доданд.
Соли 2020 маҷаллаи Forbes Russia Манижа Сангинро дар бахши «Мусиқӣ» яке аз ғолибони рейтинги бонуфузи «30 то 30» эълон кард. Ин рӯйхат ҷавононеро фаро мегирад, ки то синни 30-солагӣ дар соҳаи худ ба дастовард ва шуҳрати ҷиддӣ расидаанд.
Аз Евровидение то СММ
Аммо шуҳрати ҷаҳонии Манижа бештар ба соли 2021 иртибот дорад. Ӯ дар интихоботи миллии Русия пирӯз шуда, бо таронаи «Russian Woman» («Зани рус») ин кишварро дар озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» дар Роттердами Нидерланд намояндагӣ кард. Манижа дар даври ниҳоӣ мақоми 9-умро соҳиб шуд. Ҳузури ӯ дар ин озмун баҳсҳои зиёд ба миён овард, вале ҳамзамон номи ин духтари зодаи Душанберо ба аудиторияи чандсадмиллионаи ҷаҳон муаррифӣ кард.
Манижа танҳо сароянда нест. Мавзуъҳои муҳоҷират, гурезагӣ, хушунати хонаводагӣ ва ҳуқуқи занон дар фаъолияти иҷтимоии ӯ ҷойгоҳи муҳим доранд. Соли 2019 ӯ бо таронаи «Mama» ба масъалаи хушунати хонаводагӣ таваҷҷуҳ ҷалб карда, дар доираи ин ташаббус замимаи SILSILA барои расонидани кумаки фаврӣ ба афроди гирифтори хушунат роҳандозӣ шуд. Моҳи декабри соли 2020 Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон Манижаро нахустин сафири ҳусни нияти ин ниҳод аз Русия таъин кард.

Ҳамеша бо Тоҷикистон
Бо вуҷуди он ки қисми зиёди зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Манижа берун аз Тоҷикистон гузаштааст, ӯ борҳо аз пайванди худ бо Ватан сухан гуфтааст. Вақте соли 2022 барои баргузории нахустин консерташ ба Тоҷикистон омад, Душанберо «шаҳри офтобии ман» номид. Ҳамон сол ӯ барномаи консертии худро низ «Шаҳри офтоб» унвон карда буд.
Бозгашти Манижа ба Душанбе дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлол ва қадршиносии ӯ бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ин назар низ ҷолиб аст, ки сарнавишти худи ӯ бо таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамқадам аст. Духтаре, ки соли 1991 дар Душанбе ба дунё омад, баъдан дар муҳити дигар ба камол расид ва тавонист ба саҳнаи байналмилалӣ роҳ ёбад, имрӯз ҳамчун яке аз чеҳраҳои шинохтаи тоҷиктабор дар ҷаҳони мусиқӣ ба Ватани зодгоҳаш баргаштааст.
Бо вуҷуди он ки Манижа аз кӯдакӣ дар Русия ба сар мебарад ва фаъолияти асосии эҷодиаш низ дар он кишвар шакл гирифтааст, ӯ борҳо таъкид кардааст, ки пайванди худро бо Тоҷикистон гум накардааст. Соли 2020 дар яке аз мусоҳибаҳо, пас аз ёдоварӣ аз сафараш ба Душанбе, гуфта буд: «Ҳар чӣ ҳам бошад, ин сарзамини ман аст… ман ба ҳар ҳол тоҷик ҳастам».
Ӯ он замон аз истиқболи гарми мардум дар Душанбе низ изҳори хушҳолӣ карда буд. Ба гуфтаи Манижа, шинохта шуданаш дар кӯчаҳои пойтахт барояш рӯҳбаландкунанда буд.
Дар мусоҳибаи дигараш Манижа дар бораи муносибаташ ба миллати тоҷик хеле возеҳ сухан гуфтааст. Ӯ аз тасаввуроти қолабие, ки баъзан нисбат ба муҳоҷирони тоҷик вуҷуд дорад, изҳори нороҳатӣ карда, таъкид намудааст, ки тоҷикон «миллати бузурганд» ва афроди зиёдеро аз миёни тоҷикон мешиносад, ки бо дониш, фарҳанг ва қобилияташон намунаи ибрат буда метавонанд.
Соли 2022, вақте Манижа барои нахустин консерти калони худ ба Душанбе омад, дар суҳбат бо Pressa.tj аз дастгирии тоҷикон дар давраи ҳузураш дар «Евровидение» ёдовар шуд:
«Муҳаббати ҳар фарди Тоҷикистонро ҳамеша эҳсос мекунам ва ин бароям гуворо аст».
Ӯ он сафарашро «пур аз эҳсос» номида, таъкид карда буд, ки ин дафъа ба зодгоҳаш на танҳо ҳамчун меҳмон, балки ҳамчун сароянда баргаштааст.
Дар як суҳбати дигар ӯ андешаашро дар бораи рушди фарҳанги Тоҷикистон баён карда, гуфтааст, ки ҷомеа бояд шахсиятҳоеро, ки барои илму адаб, фарҳанг ва санъати тоҷик хизмат кардаанд, бештар бишиносад ва қадр кунад. Ба андешаи Манижа, Тоҷикистон истеъдодҳои зиёде дорад ва барои зуҳури онҳо пеш аз ҳама «боварӣ ва имконият» зарур аст.
Ҳоло Манижа ба кори эҷодӣ машғул аст. Далели дар як-ду соли охир камтар ба саҳна баромадани ӯ издивоҷ ва таваллуди фарзанд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ