Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт
Имрӯз, 11 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди ноҳияи Рашт шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, мақсади ин сафар ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои водии Рашт, суҳбату вохӯрӣ бо аҳолӣ ва иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
“Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро роҳбарият ва сокинони шарафманди ноҳия бо эҳтирому самимият ва муҳаббати хос истиқбол гирифтанд, – иттилоъ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамин ҷо нахуст бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фурудгоҳи ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.



Бинои фурудгоҳ дар раванди корҳои ободонӣ бо дасттирии соҳибкорони ватанӣ навсозӣ шуда, дар он барои мусофирон шароити замонавии хизматрасонӣ муҳайё шудааст.
“Ба ин васила дар оянда бо кушодани хатсайрҳои нав рафтуомади мусофирон бо ҳавопаймоҳо дигар минтақахо барқарор гардида, хизматрасониҳо ба талаботи имрӯза мутобиқ карда мешаванд”,-таъкид дошт манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ