Бунёди беш 270 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ дар Хатлон

Дар назар аст, ки соли 2026 дар вилояти Хатлон 271 иншооти таълимӣ ва томактабӣ сохта шавад.

Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки мувофиқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соли 2026, дар умум 271 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ сохта шавад.

“То 1 августи соли 2026 – ум 70 муассисаи таълимӣ, томактабӣ ва Маркази инкишофи кӯдак ифтитоҳ гардид ва то охири сол боз 271 иншооти дигар бунёд карда хоҳад шуд”, – гуфт номбурда.

Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон афзуд, ки мувофиқи нақша 33 муассисаи таълимӣ, 30 кӯдакистон, 14 маркази инкишофи кӯдак, 106 бинои иловагӣ ва 82 синфхонаи таълимӣ сохта хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму тарбияи хонандагон дар назар аст, ки иншооти мавриди назар бунёд карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *