Аз иқтисодчии хоҷагӣ то вакили парлумон (видео)
11 сентябр зодрӯзи иқтисоддон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Ҳакимзода аст. Номбурла 11 сентябри соли 1975 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст.
Қисми зиёди фаъолияти меҳнатии ӯ бо иқтисод ва соҳаи кишоварзӣ пайванд дорад.
Аз соли 2017 то 2023 Ҳакимзода Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро роҳбарӣ кард. Солҳои 2023–2025 муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Дар интихоботи парлумонии соли 2025 Ҳомидҷон Ҳакимзода вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Ҳоло ӯ узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия мебошад. Дар иҷлосияҳои парлумон масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, аз ҷумла санадҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои молиявии байналмилалиро шарҳу тавзеҳ медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ