Огоҳӣ! Аз 11 то 13 сентябр ҳаво ғуборолуд мешавад

Аз нимаи дуюми рӯзи 11 сентябр то 13 сентябр дар Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёд шудани сатҳи ифлосшавии ҳаво пешбинӣ мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, хокборишу ғубор аз самтҳои ҷанубу ғарб ва ҷанубу шарқ ба кишвар ворид мешавад.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо мардум аз сайругашти тӯлонӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, махсусан дар назди роҳҳои сернақлиёт худдорӣ кунанд. Зеро дар натиҷаи ин хокбориш миқдори зарраҳои чанг, аз ҷумла PM-10 ва PM-2.5, дар ҳаво метавонад афзоиш ёбад.

PM-10 зарраҳои то 10 микрометр ва PM-2.5 зарраҳои хеле майдаи то 2,5 микрометр мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *