Дарахте, ки меваи ширин дод (видео)
Дар сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳ бузургтарин дастоварде буд, ки барои ҳамаи пешрафтҳои баъдӣ замина фароҳам овард. Ман инро чунин тасаввур мекунам: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарахтеро шинонданд, ки имрӯз мардуми тоҷик аз меваи ширини он баҳра мебаранд. Он дарахти сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ аст.
Агар он дарахт дар рӯзҳои бисёр душвор шинонда намешуд, имрӯз наметавонистем аз ободии кишвар, аз роҳу нақбҳо, рушди саноату кишоварзӣ, мактабу донишгоҳҳо ва дигар дастовардҳои давлат сухан гӯем.
Китоби Шариф Ҳамдампур – «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» маҳз аз ҳамин ҷиҳат барои ман ҷолиб аст. Дар он хонанда мебинад, ки сулҳ бо чӣ душвориҳо ба даст омадааст, Роҳбари давлат барои расидан ба он аз кадом роҳҳо гузаштааст ва дар чӣ гуна вазъиятҳои хатарнок қарор гирифтааст.
Дар китоб воқеаҳои Хусдеҳ мавқеи махсус доранд. Имрӯз мо аз сулҳ дар фазои ором сухан мегӯем. Аммо бояд тасаввур кунем, ки он рӯзҳо ба Хусдеҳ рафтан чӣ маъно дошт. Вазъияти Афғонистон мураккаб буд, ҳар лаҳза хатар вуҷуд дошт ва касе наметавонист кафолат диҳад, ки он сафар чӣ гуна анҷом меёбад. Бо вуҷуди ҳамаи ин, Президенти Тоҷикистон ба он ҷо рафтанд.
Чаро?
Барои мулоқот бо роҳбарияти мухолифин, барои гуфтугӯйи рӯ ба рӯ ва барои пайдо кардани роҳи хотима додан ба ҷанг. Ба назари ман, ҳамин лаҳзаҳо моҳияти асосии китобро равшан мекунанд. Муаллиф танҳо натиҷаи сулҳро нишон намедиҳад. Ӯ мехоҳад ба хонанда фаҳмонад, ки то расидан ба сулҳ чӣ қадар роҳи душвор тай шудааст. Дар вазъияте, ки Тоҷикистон хатари парокандашавиро аз сар мегузаронд, Роҳбари давлат аз гуфтугӯ канора нагирифтанд. Баръакс, ба минтақаи хатарнок рафта, бо рақиби сиёсӣ рӯ ба рӯ нишастанд. Ин ҷасорат буд. Аммо муҳимтар аз ҷасорат дарки масъулият дар назди давлату миллат буд.
Дар китоб масъалаи дигар низ хуб инъикос шудааст: пас аз расидан ба сулҳ Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки мушкилоти солҳои зиёд ҷамъшударо тадриҷан ҳал намояд. Яке аз чунин масъалаҳо роҳ буд. Замоне буд, ки рафтуомади озод миёни минтақаҳои кишвар, махсусан дар фасли зимистон, кори бисёр мушкил ба ҳисоб мерафт. Барои рафтуомад ба шимоли мамлакат мушкилиҳои зиёд вуҷуд доштанд. Баъзе минтақаҳои кӯҳистон моҳҳо аз марказ дур мемонданд. Махсусан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Ман он рӯзҳоро хуб дар хотир дорам. Замоне, ки аз моҳи октябр ё ноябр боришҳо сар мешуданд, ба Бадахшон расидан осон набуд. Баъзан маҷбур мешудем аз тариқи Ҷумҳурии Қирғизистон, бо роҳи Ош – Хоруғ ҳаракат кунем. Аз Мурғобу Ишкошим ва дигар самтҳо гузаштан худ як сафари сангин буд.
Имрӯз вазъият дигар аст. Сохтмони роҳҳо, пулҳо ва иншооти муҳими нақлиётӣ имкон дод, ки робитаи минтақа бо маркази мамлакат устувортар гардад. Имрӯз дар фаслҳои гуногуни сол сафар ба маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконпазир шудааст.
Таъсири сулҳро танҳо дар роҳу нақбҳо дидан дуруст нест. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон назар кунед. Дар соҳаи кишоварзӣ тағйироти зиёд ба вуҷуд омад. Мардум боғ бунёд мекунанд, заминро обод месозанд, истеҳсолотро зиёд менамоянд…
Сулҳ ин имкониятҳоро дод.
Вақте инсон аз ҷони фарзандаш хавотир нест, вақте медонад, ки фардо ҷанг оғоз намешавад, он вақт хона месозад, дарахт мешинонад, корхона бунёд мекунад ва барои оянда нақша мекашад. Сулҳ ба инсон умеди фардо медиҳад.
Китоби «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур», ки ман онро китоби сулҳ, ё сулҳнома медонам, аз ҳамин дастовардҳо ҳикоят мекунад. Дар китоб муаллиф кӯшиш кардааст корҳоеро нишон диҳад, ки дар рӯзҳои душвортарини Тоҷикистон анҷом дода шуданд. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки саргузашти ин китоб то андозае саргузашти як марҳалаи фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Абдураҳим РАҶАБОВ,
генерал-майори мустаъфӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ