Дар Ӯзбекистон ёварони ҳоким, ки аз уҳдаи кор намебароянд, аз вазифа озод мешаванд
Дар Ӯзбекистон ёварони ҳокимоне, ки аз уҳдаи вазифаи худ намебароянд, иваз карда мешаванд. Ин дастури Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи ҳукумат сурат гирифтааст.
Бино ба хабари расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон, кормандони беҳтарин барои такмили ихтисос ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Ҳамчунин, дар кишвар аз таҷрибаи муайян кардани шартҳои пешниҳоди қарз, субсидия ва ҷубронпулӣ тавассути фармону қарорҳо даст мекашанд.
Вазорати иқтисод ва Бонки марказӣ механизмҳои маблағгузориро бо назардошти имконияту иқтидори минтақаҳо нав хоҳанд кард. Ситодҳои ноҳиявӣ фаъолияти ёварони ҳокимонро дар маҳаллаҳо ба низоми кории «бар асоси лоиҳаҳо» мегузаронанд.
Бо ин мақсад ёварони ҳокимон дар 8 ҳазору 992 маҳалла муваққатан иҷрокунандаи вазифа таъйин мешаванд. Кормандони содиқу ташаббускор дубора ба вазифа таъйин гардида, онҳое, ки аз уҳдаи кор намебароянд, иваз карда мешаванд.
Дар назди шахсони масъул вазифа гузошта шудааст, ки дар давоми ду моҳ маркази омӯзишӣ таъсис дода, барои фаъолияти он мутахассисонро аз хориҷи кишвар ҷалб намоянд. Дар ин марказ ба ёварони ҳокимон тарзи кор аз рӯйи низоми «бар асоси лоиҳаҳо» омӯзонида мешавад.
Дар охири сол ситодҳои вилоятӣ аз ҳар ноҳия ду нафар беҳтарин ёвари ҳокимро барои такмили ихтисос ба Чин, Ҷопон ва Туркия мефиристанд.
Ба ёварони ҳокимоне, ки фаъолияти намунавӣ нишон медиҳанд, дараҷаи алоҳидаи тахассусӣ дода шуда, ба маоши онҳо то 50 дарсад иловапулӣ муқаррар мешавад.
Ҳамчунин, супориш дода шудааст, ки кормандони бонкӣ дар маҳаллаҳо низ бо ҳамин тартиб омӯзонида шуда, барои онҳо таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шавад.
Ба Прокуратураи генералӣ супориш дода шудааст, ки барои бартараф кардани омилҳое, ки ба қабули мустақилонаи қарорҳо аз ҷониби кормандони бонкҳо ва ёварони ҳокимон монеъ мешаванд, мусоидат намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ