Ман шоҳиди ҳол будам (видео)

Сулҳи тоҷикон осон ба даст наомадааст. Паси ҳар санаде, ки баъдан бо номи сулҳу ризоият сабт гардид, соатҳои тӯлонии музокира, баҳсҳои сахт, гузаштҳо, ҷасорат ва иродаи сиёсӣ меистоданд. Ман ҳамчун шоҳиди бевоситаи баъзе аз он рӯйдодҳо метавонам бигӯям, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳ ва баъдан таҳкими он бисёр бузург аст.

ШАБИ ПЕШ АЗ ИМЗО

Яке аз рӯзҳое, ки ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад, 26-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав аст. Он рӯз музокироти ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин идома дошт. Ҳайати ҳукуматиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ менамуданд. Аз ҷониби мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва дигарон иштирок мекарданд. Ман ҳам ҳамчун сафир дар он музокирот иштирок мекардам.

Гуфтушунид то соатҳои сеюними шаб идома ёфт. Баҳсҳо бисёр тӯлонӣ ва душвор буданд. Вазири корҳои хориҷии Русия Евгений Примаков, муовинаш Борис Пастухов ва дигар шахсони масъул низ иштирок доштанд, аммо то охири шаб ҷонибҳо ба хулосаи ниҳоӣ омада наметавонистанд.

Ҳол он ки, субҳи рӯзи дигари 27-уми июн дар Кремл бояд санади сулҳ ба имзо мерасид.

Меҳмонон даъват шуда буданд. Намояндагони давлатҳои ҳамсоя, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ҳузур доштанд. Агар баъди ин ҳама музокирот санад ба имзо намерасид, вазъият хеле ногувор мешуд.

Ниҳоят Евгений Примаков аз ҷой бархост ва пешниҳод кард:

– Пагоҳ соати ҳафти субҳ дар утоқи ман ҷамъ мешавем ва ин масъаларо ба анҷом мерасонем.

СОАТИ ҲАФТИ СУБҲ

Субҳи 27-уми июн ҳама боз ҷамъ омадем. Ҳайати ҳукуматӣ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати мухолифин бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва дигарон ҳузур доштанд. Гуфтушуниди шаби гузашта аз нав идома кард. Баҳс боз ҳам тӯл кашид.

Дар ҳамин лаҳза Президенти Тоҷикистон ташаббус нишон доданд. Он кас чанд нафар аз шахсони асосии музокиротро даъват карда, дар гӯшае бо онҳо суҳбати алоҳида анҷом доданд. Ман он суҳбатро нашунидам. Танҳо ҳамон нафароне, ки дар он ҳузур доштанд, медонанд, ки чӣ гуфта шуд.

Аммо натиҷаашро дидам. Баъди анҷоми суҳбат ҳама ба ҷойҳои худ баргаштанд ва санадҳо мувофиқа шуданд.

Соати даҳ ба Кремл рафтем. Ва ниҳоят он чизе, ки мардуми Тоҷикистон солҳо интизор буданд, ба воқеият табдил ёфт: санади сулҳ ба имзо расид.

Ба назари ман, ҳамон суҳбати кӯтоҳу ҳалкунанда яке аз лаҳзаҳои бисёр муҳими он рӯзи таърихӣ буд.

«ТО ОХИРИН ГУРЕЗА БАРНАГАРДАД…»

Аммо имзои санад ҳанӯз анҷоми кор набуд. Аз ҳамон рӯз марҳилаи аз он ҳам душвортари иҷрои шартҳои сулҳ ва барқарор кардани зиндагии осоишта оғоз ёфт.

Ман як сухани Эмомалӣ Раҳмонро хуб дар хотир дорам. Он кас таъкид мекарданд, ки то охирин гурезаи тоҷикро, дар ҳар куҷое, ки бошад, ба Ватан барнагардонад, худро ором ҳис нахоҳад кард.

Ин сухан танҳо ваъда набуд.

Ман минтақаҳои атрофи Мазори Шарифро хуб медонистам. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ ҳамчун мутахассис дар он ҷо фаъолият карда будам. Ҷойҳое буданд, ки гурезаҳои тоҷик дар хаймаҳо зиндагӣ мекарданд. Биёбон, гармӣ, шароити сангин… Дар чунин маконҳо зиндагӣ кардан ниҳоят душвор буд. Аммо он мардум тадриҷан ба Ватан баргардонида шуданд.

Чӣ гуна амалӣ шудани ин кор худ қиссаи тӯлонӣ ва пурмашаққат аст. Муҳим он буд, ки сухани гуфташуда иҷро шуд.

Ваъдаи дигари Эмомалӣ Раҳмон низ амалӣ гардид:

«Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам». Сулҳ омад.

Ва баъд аз сулҳ марҳилаи созандагӣ оғоз ёфт.

ДУШАНБЕИ СОЛИ 1992-РО ФАРОМӮШ НАКУНЕД

Барои фаҳмидани роҳи тайкардаи Тоҷикистон бояд солҳои 1992-1993-ро ба ёд овард.

Баъд аз Иҷлосияи XVI мо ба Душанбе баргаштем. Вазъ он қадар вазнин буд, ки рӯзона дар бинои корӣ то соатҳои чору панҷи саҳар кор мекардем. 

Имрӯз, вақте ба Душанбе, ба роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, иншоот ва шаҳрҳои обод назар мекунем, баъзан фаромӯш мекунем, ки Тоҷикистон аз кадом нуқта ин роҳро оғоз карда буд. Барои баҳо додан ба натиҷаҳо бояд Тоҷикистони соли 1992-ро бо Тоҷикистони соли 2026 муқоиса кард. Танҳо он вақт ҳаҷми заҳмат ва роҳи тайшуда аён мегардад.

ДАР САФАРҲОИ РАСМӢ ҲАМ ФИКРИ ОБОДИИ ВАТАН

Як хотираи ба назари аввал сода, аммо он барои шинохти муносибати Роҳбари давлат ба Ватан бисёр муҳим дорам. Вақте ман сафири Тоҷикистон дар Русия ва баъдан дар Эрон будам, Президенти мамлакат ба ин кишвар сафарҳои расмӣ анҷом медоданд.

Дар чунин сафарҳо баробари мулоқотҳои давлатӣ ба мо супориш медоданд, ки навъҳои дарахту гулеро пайдо кунем, ки дар Тоҷикистон нестанд.

Баъзан субҳ маро даъват мекарданд:

– Рамазон, канӣ, дарахтҳоро нишон деҳ.

Як навъро медиданд:

– Аз ҳамин даҳ дона бор кунед.

Дигарашро нишон медодем:

– Аз ин бист дона гиред…

Ҳамин тавр, ба ҳавопаймое, ки ҳайати расмӣ бо он омада буд, дарахту ниҳол ва гул бор мекардем ва ба Тоҷикистон меовардем.

Баъзеҳо аз ин манзара ҳайрон мешуданд: ҳавопаймои роҳбари давлат аст, аммо бо он ниҳолу дарахт мебаранд.

Имрӯз бошад, вақте ба боғҳои Ваҳдат, Ҳисор ва дигар минтақаҳо менигарам, мефаҳмам, ки ҳатто ҳамин корҳои ба назар хурд низ қисми як ҷаҳонбинӣ буданд: Тоҷикистон бояд сабз, обод ва зебо бошад.

БАРҚАРОРИИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

Як иқдоми дигари Роҳбари давлатро дар овардани турбати шахсиятҳое, ки берун аз Тоҷикистон фавтида ё ба қатл расида буданд ва ба хок супоридани онҳо дар Ватан, набояд фаромӯш кард.

Солҳои тӯлонӣ касе ба ин масъала ба таври ҷиддӣ рӯй наоварда буд. Ҳол он ки сухан дар бораи шахсиятҳое мерафт, ки дар марҳалаҳои гуногуни таърих барои давлатдории тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон талош карда буданд. Овардани ҷасади онҳо ба Ватан танҳо як амали рамзӣ ё ташрифотӣ набуд. Ин, пеш аз ҳама, барқарор кардани адолати таърихӣ, эҳёи хотираи миллӣ ва адои қарз дар назди фарзандони миллат буд.

Бо ин амал на танҳо ҷасади шахсиятҳо ба хоки Ватан баргардонида шуд, балки номи онҳо низ дубора ба хотираи ҷомеа ворид гардид. Ин як навъ пайванди гусастаи таърихро аз нав барқарор кардан буд.

Ба назари ман, миллате, ки шахсиятҳои худро қадр мекунад, дар асл ба таърихи худ эҳтиром мегузорад. Ва давлате, ки хотираи фарзандони барӯманди худро зинда медорад, пояҳои маънавии давлатдории худро низ таҳким мебахшад.

Аз ҳамин ҷиҳат, ман ин иқдомро низ як навъ қаҳрамонӣ медонам – қаҳрамонии барқарор кардани ҳақиқати таърих ва овардани турбати фарзандони миллат ба оғӯши Ватан.

КИТОБЕ, КИ ҶАВОНОН БОЯД ХОНАНД

Китоби «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» як падидаи нав дар бораи шахсиятҳои таърихист. Он бисёр воқеаҳоеро ҷамъ овардааст, ки ҷавонони имрӯз аз онҳо огоҳии кофӣ надоранд. Насле ба камол расидааст, ки Тоҷикистонро танҳо дар шароити сулҳ дидааст. Онҳо садои тирпарронии Душанбе, хаймаҳои гурезагони тоҷик дар Афғонистон, шабҳои кори то саҳар, сафар бо БТР, музокироти то субҳ давомкардаи Маскавро надидаанд.

Ин, албатта, хушбахтии онҳост. Аммо онҳо бояд бидонанд, ки сулҳу ободии имрӯз аз куҷо оғоз шуд ва бо чӣ қимат ба даст омад. Аз ҳамин сабаб ман ҷонибдори онам, ки ин китоб ба китобхонаҳои мактабҳо, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ дастрас гардад. Ҷавонон бояд онро хонанд. На танҳо барои донистани корномаҳои Пешво, ё як давраи сиёсӣ. Барои он ки таърихи давлати худро донанд. Барои он ки фаҳманд, ки роҳи тайкардаи падаронашон осон набуд.

Рамазон МИРЗОЕВ,
ходими давлатӣ, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия ва Эрон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *