78 соли умр ва беш аз ним аср бо журналистика (видео)
10 сентябр зодрӯзи доктори илмҳои таърих, профессор ва муҳаққиқи маъруфи журналистика Иброҳим Усмонов аст. Иброҳим Усмонов 10 сентябри соли 1948 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт таваллуд шудааст.
Соли 1971 шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, фаъолияти касбиашро дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» оғоз кардааст.
Соли 1976 аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносовро хатм карда, рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Соли 1990 соҳиби дараҷаи доктори илмҳои таърих гардид.
Самтҳои асосии пажӯҳиши профессор Иброҳим Усмонов таърих ва назарияи журналистика, матбуоти тоҷик ва публитсистика мебошанд. Ӯ аз ҷумлаи олимонест, ки дар ташаккул ва рушди мактаби илмии журналистикаи тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.
Иброҳим Усмонов дар ҳаёти ҷамъиятию давлатии кишвар низ фаъол будааст. Ӯ дар солҳои гуногун раиси Кумитаи телевизион ва радио, мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон, вакили парлумон ва солҳои 1997–2000 раиси Комиссия оид ба масъалаҳои сиёсии Комиссияи оштии миллӣ буд.
Дар баробари фаъолияти давлатӣ, ӯ даҳсолаҳо ба тарбияи рӯзноманигорон ва пажӯҳиши таърихи матбуоти тоҷик машғул шудааст.
Имрӯз профессор Иброҳим Усмонов дар ҳалқаи фарзандону наберагон зиндагӣ дошта, ҳамчун яке аз устодони собиқадори журналистикаи тоҷик шинохта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ