Ани Лорак ва чанд сарояндаи машҳур дар Душанбе ҳунарнамоӣ мекунанд
Пагоҳ, 11 сентябр сарояндаи маъруф Ани Лорак дар консерти калон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.
Ин консерт дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон, соати 19:00 оғоз мешавад.
Дар баробари Ани Лорак, дар саҳна Юлдуз Усмонова, яке аз маъруфтарин сарояндаҳои Ӯзбекистон, овозхони тоҷик Шабнами Сурайё, ситораи эстрадаи Афғонистон Ориёно Саид, овозхон Navai, гурӯҳи эронии Ehaam ва сарояндаи ҷавони тоҷик Фаррух Ҳасанов ҳунарнамоӣ мекунанд.
Нархи чиптаҳо аз 300 то 800 сомонӣ муқаррар шуда, маблағи ҷамъшуда аз фурӯши онҳо ба корҳои хайриявӣ равона мегардад. Ташкилкунандаи чорабинӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе эълон шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Ани Лорак яке аз чеҳраҳои шинохтаи мусиқии поп дар фазои пасошуравӣ ба ҳисоб меравад. Номи аслии ӯ Каролина Мирославовна Куек аст ва 27-уми сентябри соли 1978 дар шаҳри Китсмани вилояти Черновитси ба дунё омадааст. Аз овони наврасӣ ба мусиқӣ рӯ оварда, дар 14-солагӣ нахустин шартномаи касбии худро ба имзо расонидааст. Номи саҳнавии «Ани Лорак» соли 1995 пайдо шудааст.

Вақте Каролина барои иштирок дар озмуни телевизионии «Утренняя звезда» ба Маскав омад, маълум шуд, ки иштирокчии дигаре бо номи Каролина аллакай сабтином шудааст. Аз ин рӯ, номи «Каролина»-ро баръакс хонда, тахаллуси Ани Лорак интихоб шуд. Соли 1996 нахустин албоми ӯ бо номи «Хочу летать» нашр гардид ва баъди он фаъолияти касбии сароянда босуръат рушд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ