Олими маъруфи тоҷик Ваҳҳоб Бобоҷонов даргузашт
Ваҳҳоб Бобоҷонов, олими маъруфи тоҷик ва генетик, доктори илмҳои биологӣ, профессор дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ имрӯз, 11 сентябр дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент баргузор мешавад.
Ваҳҳоб Бобоҷонов 10 июли соли 1945 дар деҳаи Ворӯи Панҷакент ба дунё омада буд. Ӯ умри худро ба илм, маориф ва таҳқиқи олами зинда бахшида, дар рушди биология, генетика ва селексияи рустаниҳо дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.
Профессор Бобоҷонов соли 1967 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1967–1970 дар аспирантура таҳсил кардааст. Аз соли 1970 фаъолияти илмии худро дар Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои зиёд дар ин муассиса ба ҳайси ходими илмӣ ва мудири лаборатория кор кардааст.
Солҳои минбаъда ӯ дар муассисаҳои гуногуни илмӣ ва таълимии кишвар фаъолият доштааст. Аз ҷумла, солҳои 1991–1992 муовини директори лабораторияи биотехнологияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, солҳои 1993–2005 профессор ва мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 2005–2006 ходими пешбари илмии Институти физиологияи рустанӣ ва генетикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Аз соли 2007 профессори кафедраи пахтакорӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият кардааст.
Соли 1991 Ваҳҳоб Бобоҷонов ба дараҷаи доктори илмҳои биология ва соли 1993 ба унвони профессор сазовор гардид.
Самти асосии пажӯҳишҳои илмии ӯ олами набототи Тоҷикистон, зироатҳои ғалладона, рустаниҳои хӯроки чорво, генетика ва селексияи рустаниҳо буд. Ӯ дар таҳқиқ ва офаридани навъҳои нави зироатҳо саҳми муҳим гузошта, муаллифи чор навъи тритикале ва як навъи гандум мебошад.
Профессор Бобоҷонов беш аз 300 таълифи илмӣ ба мерос гузоштааст. Аз ҷумла, асарҳои «Тритикале, создание и перспективы использования» (Минск, 1986), «Наслият ва ҳосил» (Душанбе, 1989), «Фотосинтетический аппарат и селекция тритикале» (Минск, 1991), «Экология мутантов гороха» (Душанбе, 1993), «Омӯзиши табиати Тоҷикистон» (Душанбе, 1995), «Сайри олами зинда» (Душанбе, 1997), «Ҳифзи генофонд» (Душанбе, 1998), «Экологический подход к селекции растений» (Санкт-Петербург, 2002), «Ботаника» дар ду қисм (Душанбе, 2009, 2011) ва «Таҳлили генетикӣ» (Душанбе, 2010) аз осори ӯ мебошанд.
Барои фаъолияти меҳнатӣ ва саҳми арзандааш дар рушди соҳаи илм профессор Ваҳҳоб Бобоҷонов бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1986) ва медалҳои Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР дар солҳои 1985, 1986 ва 1987 сарфароз гардидааст.
Гуфта мешавад, ки профессор Бобоҷонов солҳои зиёде берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекард, аммо робитаи маънавии ӯ бо Ватан ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ҳамеша побарҷо буд. Бозгашти охирини ӯ ба Тоҷикистон барои дидори наздикону пайвандон, дӯстону ҳамватанон сурат гирифта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ