Шоире, ки илм ва адабиётро ба ҳам пайваст
18 сентябр зодрӯзи шоир ва адиби тоҷик Равшани Ҳамроҳ аст. Соли 2026 ӯ 66-сола мешавад.
Равшани Ҳамроҳ соли 1960 дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Ӯ номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз адибонест, ки беш аз чаҳор даҳсола дар муҳити адабии кишвар фаъолият дорад.
Равшани Ҳамроҳ муаллифи маҷмуаҳои зиёди шеърӣ, аз ҷумла «Гарди ситора», «Гули абр», «Забони чашм», «Оҳанги бедорӣ», «Ташнаи дидор», «Саду як ғазал», «Дарахти оҳ», «Аз чароғи хона то шамъи мазор», «Ниҳоли сабзи борон» ва «Шасти Равшан» мебошад.
Ӯ ҳамчунин чандин рисолаи илмиву методӣ таълиф карда, соли 2013 «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Атторро бо хати кириллӣ ба нашр расондааст.
Равшани Ҳамроҳ барандаи Ҷоизаи ба номи Қутбӣ Киром аст. Соли 2025 барои маҷмуаи «Шасти Равшан» бо Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода сарфароз гардид. Ҳоло Равшани Ҳамроҳ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти омӯзгорӣ дошта, дар баробари эҷоди шеър ба тарбияи насли ҷавон низ саҳм мегузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ