Ҳалокати хабарнигори тоҷик дар садамаи нақлиёт

Маҳмадраҷаб Абдуллозода, хабарнигори телевизиони Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт.

Садама имрӯз, 17 сентябр дар шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд дар ноҳияи Шаҳристон рух додааст.

Бо Маҳмадраҷаб Абдуллозода, се ҳамкасби ӯ ҳам ҳамроҳ будаанд, ки ҷароҳат бардоштаанд.

Маҳмадраҷаб Абдуллозода, бештар аз се соли охир хабарнигори телевизиони Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар ва сухангӯи шаҳрдори Бохтар буд.

Маросими ҷанозаи Маҳмадраҷаб Абдуллозода фардо дар зодгоҳаш, ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон баргузор мегардад.

P.S
Аҳли эҷоди Pressa.tj аз марги нобаҳангоми ҳамкасби худ андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи Офаридгор сабру таҳаммул хоҳонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *