Ошкори беш аз 3450 қонуншиконӣ дар Хатлон
Давоми ҳашт моҳи соли равон дар вилояти Хатлон беш аз 3 ҳазору 450 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шудааст.
Аз Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки давоми сол 3 ҳазору 457 қонуншиконӣ дар майдони зиёда аз 1 ҳазору 173 гектар ошкор шудааст.
Ба иттилои расида, барои дар маҳал бартараф кардани қонунвайронкунӣ беш аз 3 ҳазору 360 дастур ва 3 ҳазору 47 протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд. Ҷарима беш аз 1 миллиону 773 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки аз ин 1 миллиону 490 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби Кумитаи идораи замин ворид гардидааст.
Мутобиқ ба талаботи моддаи 55 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷораҷӯй ва таҳқиқи ҳуқуқӣ ба прокуратура 55 ва суд 261 мавод пешниҳод карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ