Кувайт дар Душанбе сафорат боз кард
Давлати Кувайт сафорати худро дар Тоҷикистон боз кард ва Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба унвони нахустин сафири худ ба Душанбе фиристод. Кувайт севумин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс аст, ки намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад. Аз ин қабл Арабистони Саудӣ ва Қатар сафоратхонаҳои худро дар Тоҷикистон боз карда буданд.
31 соли муносибати дипломатӣ
Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайт 31-уми марти соли 1995 барқарор шудаанд. Кувайт, тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, нахустин кишвари арабӣ буд, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эътироф кард. Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт бошад, 23-юми июни соли 2013 расман ифтитоҳ шуд.
То соли 2026 Кувайт дар Душанбе сафири муқим надошт. Сафирони ин кишвар дар Тоҷикистон аз кишвари дигар, аз ҷумла аз Исломобод аккредитатсия мешуданд.
Бо ин иқдом Кувайт пас аз Арабистони Саудӣ ва Қатар ба севумин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷ табдил ёфт, ки дар Душанбе сафорати муқим дорад. Сафорати Арабистони Саудӣ соли 2010 ва сафорати Қатар моҳи ноябри соли 2012 ба фаъолият оғоз карда буданд.
Чаро сафорати муқим муҳим аст?
То замоне ки сафир дар кишвари дигар қарор дорад, робитаҳо бештар ба сафарҳои даврӣ ва мукотибаи дипломатӣ вобаста мешаванд. Ҳузури сафорат дар Душанбе маънои онро дорад, ки робитаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва консулӣ ҳаррӯза ва мустақим мегардад.
Ин метавонад барои ташкили мулоқоти соҳибкорон, пайгирии тарҳҳои сармоягузорӣ, ҳалли масъалаҳои консулӣ, густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҷалби ширкатҳои кувайтӣ имкониятҳои бештар фароҳам созад. Собиқ сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода низ ба расонаҳои кувайтӣ гуфтааст, ки сафорати муқим бояд иртибот миёни соҳибкорону сармоягузорон ва хизматрасонии консулиро осон кунад.
Нуқтаи гардиш
Яке аз заминаҳои асосии ин наздикшавӣ сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт дар рӯзҳои 3-5-уми ноябри соли 2024 буд. Дар ҷараёни сафар бо роҳбарияти Кувайт мулоқотҳо баргузор шуда, 9 санади нави ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсати хориҷӣ, танзими меҳнат, тиҷорат, саноат, стандартизатсия, варзиш ва сайёҳӣ ба имзо расид.
Рӯзҳои 4-5-уми ноябри соли 2024 Кувайт мизбони марҳилаи кувайтии «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм шуд. Конфронсро Тоҷикистон, Кувайт ва Дафтари СММ оид ба мубориза бо терроризм муштарак баргузор карданд. Дар он беш аз 500 намоянда аз 91 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд ва Эъломияи Кувайт оид ба амнияти сарҳад қабул шуд.
Кувайт ва «Роғун»
Бахши намоёнтарини ҳамкории иқтисодӣ имрӯз Фонди кувайтии рушди иқтисоди арабӣ аст. Моҳи декабри соли 2024 Тоҷикистон ва ин фонд барои маблағгузории НБО «Роғун» созишномаи қарзӣ ба маблағи 16,7 миллион доллар имзо карданд. Ин маблағ қисми аввали бастаи то 100 миллион доллар аст, ки қарор аст дар шаш марҳала ҷудо шавад. Худи Фонди Кувайт гуфтааст, ки то он замон панҷ тарҳи дигарро дар Тоҷикистон дар бахшҳои роҳ ва шабакаҳои об ба маблағи умумии 24,9 миллион динори кувайтӣ (тақрибан 80,9 миллион доллар) маблағгузорӣ кардааст.
Кувайт бо Тоҷикистон дар соҳаи маориф низ ҳамкорӣ дорад. 23-юми июни соли 2026 Тоҷикистон ва Фонди Кувайт созишномаи дигареро барои «Рушди мактабҳо» имзо карданд. Ҳаҷми қарзи имтиёзнок 6 миллион динори кувайтӣ, ё тақрибан 20 миллион доллар аст. Ҳукумати Тоҷикистон низ барои татбиқи тарҳ 4,5 миллион доллар саҳм мегузорад. Маблағ барои сохтмон ва муҷаҳҳаз кардани муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пешбинӣ шудааст.
Се нуктаи муҳим
Барои Душанбе таваҷҷуҳи кишварҳои арабии Халиҷ пеш аз ҳама аз се ҷиҳат аҳаммият дорад.
Аввал – сармоя. Кишварҳои Халиҷ дорои фондҳои бузурги рушд ва захираҳои молиявӣ мебошанд. Тоҷикистон бошад, барои энергетика, роҳ, об, сайёҳӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ ба сармоягузории дарозмуддат ниёз дорад.
Дувум – диверсификатсияи шарикони хориҷӣ. Ҳузури фаъолтари Кувайт, Қатар, Арабистони Саудӣ ва фондҳои онҳо доираи манбаъҳои сармоягузорӣ ва робитаҳои иқтисодии Тоҷикистонро васеъ мекунад.
Севум – пайванди Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷ. Солҳои охир гуфтугӯи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ фаъолтар шудааст. Тоҷикистон ва Кувайт низ аз ин раванд истифода мекунанд. Чорумин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ моҳи феврали соли 2025 дар Кувайт баргузор шуд.
Аз ин рӯ, сафорати навро метавон на оғози муносибатҳо, балки гузариши муносибатҳои 31-сола аз марҳалаи тамосҳои даврӣ ба ҳамкории доимӣ арзёбӣ кард.

Сафири нав
Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ нахустин Сафири фавқулода ва мухтори муқими Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ ба ин мақом моҳи апрели соли 2026 таъйин шудааст.
22-юми июни соли 2026, ҳанӯз қабл аз оғози фаъолият дар Душанбе, Ал-Амирӣ ба Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт рафта, бо сафир Хусрав Нозирӣ мулоқот кард. Он замон ҷониби Тоҷикистон низ расман таъкид карда буд, ки ӯ нахустин сафири Кувайт аст, ки дар Душанбе иқомат хоҳад кард.
28-уми июли соли 2026 Ал-Амирӣ дар Душанбе нусхаи эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин супорид.
Баъдан ӯ бо муовинони вазири корҳои хориҷӣ Идибек Қаландар ва Фаррух Шарифзода мулоқот карда, аз ҷумла ҳамкории ду кишвар дар созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуд.
Маълумоти пурраи зиндагиномаии Ал-Амирӣ дастрас нест.
Д. Қодирпур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ