Кикот:Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд
Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.
Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60 миллиард ба буҷети федералӣ ва зиёда аз 260 миллиард рубл ба буҷетҳои минтақавӣ ворид шудааст. Қисми зиёди маблағ аз ҳисоби иҷозаи кор ва ё патент ворид шудааст.
Кикот дар идома иттилоъ дод, ки ҳар сол тақрибан 9 миллион шаҳрванди хориҷӣ бо мақсадҳои гуногун ба Русия меоянд. Ба гуфтаи ӯ, дар як вақт дар қаламрави ин кишвар аз 6 то 6,5 миллион хориҷӣ қарор доранд, ки тақрибан 3 миллион нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, 1,7 миллион аъзои оилаҳои онҳо ва тақрибан 1 миллион, аз ҷумла сайёҳӣ, омӯзиш ва касоне, ки бо мақсадҳои хусусӣ меоянд.
Ҳамчунин, муовини вазир аз афзоиши муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ хабар дод. Ба иттилои ӯ, агар пештар ин нишондиҳанда 45% аз шумораи умумӣ буд, ҳоло он ба 50% расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ