Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад
Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд.
Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои Вазорати энерегетика, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самти энергетика, аз ҷумла имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ барои бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ