Акбари Эронӣ: Садде миёни Тоҷикистону Эрон ҳаст…

Доктор Акбари Эронӣ аз маъруфтарин донишмандони Эрон ба шумор меравад. Ӯ беш аз сӣ сол аст, ки роҳбарии Маркази пажӯҳишии Мероси мактубро бар уҳда дорад. Ин муассиса яке аз бонуфузтарин марказҳои илмии ҷаҳони форсизабон дар заминаи тасҳеҳ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ маҳсуб мешавад. Доктор Эронӣ ҳамзамон аз ҷонибдорони густариши ҳамкориҳои илмии Эрону Тоҷикистон буда, солҳои зиёд барои муаррифии мероси муштараки форсизабонон талош мекунад.

– Сафари шумо ба Тоҷикистон ба муносибати гиромидошти донишманд ва ҳунарманди маъруф Ҷӯрабек Назрӣ сурат гирифт. Эшон солҳо роҳбари Маркази мероси хаттии Тоҷикистон буданд ва шумо роҳбарии Маркази «Мероси мактуб»-и Эронро ба уҳда доред. Имрӯз байни ин ду марказ чӣ гуна ҳамкориро метавон густариш дод?

– Пеш аз ҳама, аз шумо сипосгузорам, ки фурсати суҳбат бо мардуми азизи Тоҷикистонро фароҳам овардед. Он чӣ моро дар тӯли таърих ба ҳам мепайвандад, забон, хат ва тамаддуни муштараки мост. Ин ҳавзаи бузурги тамаддунӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо осори гаронбаҳои илмӣ, адабӣ, фалсафӣ ва ҳунарӣ офаридааст. Қисмати муҳими ин сарват дастнависҳоянд, ки мо онҳоро «мероси мактуб» меномем. Асаре, ки баъд аз садҳо сол боқӣ мондааст, ҳатман арзиш доштааст. Осори сатҳӣ аз миён меравад, аммо «Шоҳнома», осори Саъдӣ, Ҳофиз ва садҳо асари дигар зинда мондаанд, зеро мардум онҳоро аз насл ба насл ҳифз кардаанд. Ҳар миллат вазифадор аст ин меросро аз гузашта ба оянда интиқол диҳад.

– Вазъи мероси хаттӣ дар Эрон ва Тоҷикистон имрӯз чӣ гуна аст?

– Дар Эрон то имрӯз тақрибан 700 ҳазор нусхаи хаттӣ феҳрист шудааст. Беш аз нисфи онҳо ба забони форсӣ, тақрибан як сеюм ба арабӣ ва қисми боқимонда ба туркӣ ва дигар забонҳост. Дар Тоҷикистон бошад, то ҷойе медонам, ҳудуди 6500 нусхаи хаттӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо тақрибан 4500 нусха феҳрист шудаанд.

Дар Эрон аз қариб як аср пеш кори феҳристнигории илмии дастнависҳо оғоз гардид. Аввал китобхонаҳои бузурге чун Кохи Гулистон ва баъдан Китобхонаи Донишгоҳи Теҳрон ин корро анҷом доданд. Имрӯз аксари ин феҳристҳо рақамӣ шудаанд ва муҳаққиқони ҷаҳон метавонанд озодона аз онҳо истифода баранд. Дар Туркия низ чунин кор анҷом шудааст. Ӯзбекистон ҳам дар солҳои охир дар ин самт пешрафтҳои хуб дорад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон ин кор ҳанӯз ба сатҳи лозимӣ нарасидааст.

Ба назари шумо мушкили асосӣ дар чист?

– Яке аз масъалаҳои муҳим ин аст, ки феҳристҳои Тоҷикистон барои муҳаққиқони хориҷӣ амалан дастнорасанд. Дар замони зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ чаҳор ҷилди феҳристи дастнависҳо ба забони русӣ омода шуда буд. Баъдтар онҳо дар Эрон ба форсӣ ҳам нашр гардиданд. Аммо баъд аз он дигар робитаи мунтазам дар ин самт вуҷуд надошт. Дар ҳамин сафар як ҷилди нави феҳристро ба ман ҳадя карданд. Аз ин кор бисёр хушҳол шудам, аммо пешниҳод кардам, ки ҳадди ақал унвонҳои китобҳо ба шакли аслии форсӣ низ оварда шаванд. Мо хати сирилики тоҷикиро намедонем ва омӯхтани он барои бисёр муҳаққиқони эронӣ осон нест. Агар феҳристҳо духата – ҳам бо сирилик ва ҳам бо хати форсӣ нашр мешуданд, ҳам барои ҷавонони Тоҷикистон хизмат мекарданд ва ҳам барои ҳамаи эроншиносони ҷаҳон қобили истифода мебуданд.

Мо то имрӯз 484 ҷилд китоб нашр кардаем. Ин китобҳо имрӯз дар китобхонаҳои Вашингтон, Оксфорд ва бисёр марказҳои илмии ҷаҳон мавриди истифода қарор доранд. Вале дар Тоҷикистон барои муаррифии мероси хаттии худ дар сатҳи байналмилалӣ талоши зарурӣ сурат намегирад. Ҳатто агар имкони нашри тамоми китоб ба хати форсӣ набошад, ҳадди ақал хулоса ё муқаддимаи форсӣ ё англисӣ бояд дошта бошад. Имрӯз, ки ҷаҳон ба шарофати фазои маҷозӣ ва технология ба ҳам наздик шудааст, дигар набояд чунин монеаҳои иттилоотӣ вуҷуд дошта бошанд. Ҷудоие, ки дар як асри гузашта ба вуҷуд омад, ҳанӯз ҳам паёмадҳои худро дорад ва бисёре аз донишмандон аз он чӣ дар Тоҷикистон анҷом мешавад, хабар надоранд.

– Дар маҷмуъ, муҳаққиқони Эрон то чӣ андоза аз мероси хаттии Тоҷикистон огоҳанд?

– Росташро бигӯям, огоҳии онҳо чандон зиёд нест. Сабаби асосӣ ҳамон масъалаи хат аст. Вақте хатро хонда наметавонед, табиист, ки аз мундариҷаи осор ҳам бехабар мемонед. Дар асл, дар як қарни охир байни як фарҳанги воҳид марзе кашида шуд. Ман ҳамеша мисоле меорам: гӯё рӯдхонае ҷорӣ аст, аммо миёни он садде сохтаанд. Одамоне, ки дар ду соҳили рӯд зиндагӣ мекунанд, дигар наметавонанд аз оби якдигар истифода баранд.

Агар осори Тоҷикистон ҳатто бо хати лотин ҳам пешниҳод мешуд, муҳаққиқони ҷаҳон метавонистанд аз онҳо баҳра баранд. Аммо имрӯз, ба сабаби сирилик будани феҳристҳо ва маълумотномаҳо, муҳаққиқони эронӣ амалан имкони истифода аз онҳоро надоранд, магар он ки касе онҳоро ба хати форсӣ баргардонад.

Ҳангоми омода кардани матнҳои илмӣ дар Маркази «Мероси мактуб» то чӣ андоза аз нусхаҳои хаттии Тоҷикистон истифода мешавад?

– Истифода мешавад, вале мутаассифона, хеле кам. Аз ҷумла, метавон аз тазкираи Мутрибии Самарқандӣ ёд кард, ки устод Асғари Ҷонфидо онро тасҳеҳ намуд ва мо ба чоп расонидем. Ҳамчунин, осори Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз ҷониби донишмандони барҷастаи тоҷик зиндаёд Абдунабӣ Афсаҳзод, Аълохон Аҳрорӣ ва Амрияздон Алимардон таҳия шудаанд, имрӯз ҳам дар ихтиёри муҳаққиқони Эрон қарор доранд ва аз онҳо истифода мешавад. Дар ҳамин сафарам низ чанд матни таҳиякардаи муҳаққиқони тоҷикро ба ман ҳадя карданд. Худи матнҳо бо хати форсӣ буданд, аммо муқаддима ва тавзеҳот бо хати сирилик навишта шудаанд. Аз ҳамкорони тоҷик хоҳиш кардам, ки ин муқаддимаҳоро низ ба хати форсӣ баргардонанд, то мо битавонем онҳоро дар Эрон низ ба нашр расонем.

Каме ҳам дар бораи фаъолияти Маркази «Мероси мактуб» ба хонандаи мо бигӯед.

– Пеш аз Инқилоби исломӣ дар Эрон муассисае бо номи Бунёди фарҳанги Эрон фаъолият мекард, ки роҳбарии онро устод Парвиз Нотили Хонларӣ бар уҳда дошт. Он муассиса зиёда аз 250 китоб нашр кард, ки тақрибан 90-тояш матнҳои интиқодӣ буданд ва боқимонда ба пажӯҳишҳои забон, адабиёт, таърих ва фарҳанг бахшида мешуданд.

Пас аз Инқилоби исломӣ фаъолияти он муассиса қатъ гардид. Баъдтар мо пешниҳод кардем, ки муассисаи нави тахассусӣ барои эҳё ва нашри мероси хаттӣ таъсис дода шавад. Бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ Маркази «Мероси мактуб» таъсис ёфт ва имрӯз беш аз сию се сол аст, ки фаъолияти худро идома медиҳад.

Тамоми ин муддат роҳбарии марказро шумо уҳда доред?

– Бале ва то имрӯз 414 номгӯй китоб дар 484 ҷилд ба нашр расонидем.  

– Тоҷикистон тасмим гирифтааст Маркази байналмилалии Наврӯзро таъсис диҳад. Ба назари шумо, дар ин самт чӣ гуна ҳамкориҳо метавонанд миёни марказҳои илмии Тоҷикистону Эрон роҳандозӣ шаванд?

– Мо аз ин иқдоми сарвари фарҳангпарвари кишвари Тоҷикистон огоҳем ва онро як иқдоми бисёр муҳим медонем.

Маркази илмӣ пеш аз ҳама ба манобеи дақиқ ниёз дорад. Масалан, агар муҳаққиқе бихоҳад дар бораи Наврӯз таҳқиқ анҷом диҳад, бояд ҳамаи осори марбут ба ин ҷашн дар ихтиёраш бошад. Имрӯз мо танҳо ба забони форсӣ беш аз панҷоҳ китоб ва рисолаи «Наврӯзнома» дорем, то оғози асри ХХ таълиф шудааст. Ғайр аз ин, осоре ба забони туркӣ, арабӣ ва дигар забонҳо низ рисолаҳое ҳастанд, ки ба Наврӯз бахшида шудаанд.

Пас, агар қарор бошад Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шавад, пеш аз ҳама бояд тамоми ин мероси хаттӣ ҷамъоварӣ, феҳрист ва рақамисозӣ шавад, то муҳаққиқон битавонанд аз он истифода кунанд. Мо дар Маркази «Мероси мактуб» омодаем дар ин самт ҳамкорӣ кунем. Ҳар он чӣ дар бораи Наврӯз ҷамъоварӣ кардаем, метавонем дар ихтиёри ҳамкорони тоҷик қарор диҳем ва ҳатто барои таъсиси як пойгоҳи муштараки электронии манобеи Наврӯз ҳамкорӣ намоем. Ба назари ман, ин метавонад яке аз муҳимтарин заминаҳои ҳамкории илмии Тоҷикистону Эрон бошад.

– Ташаккур барои суҳбат!

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *