Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт

21 августи соли 2026 дар гулгашти тобистонаи «Алмосӣ»-и шаҳри Ҳисор Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа расман ифтитоҳ ёфт. Чорабинӣ ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бахшида шуд.

Дар маросим Холиқзода Ҳоким, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа, раисӣ карданд.

Дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, роҳбарияти Намояндагии доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Дафтари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳамчунин, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, аъзои Шӯро ва гурӯҳҳои кории он, филателистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар чорабинӣ ҳузур доштанд.
Дар доираи чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркаи ҷашнии почта ба муомилот бароварда шуд. Раисикунандагон ва меҳмонони фахрӣ мӯҳри рӯзи аввалро гузошта, Лифофаҳои рӯзи аввалро ба ҳозирин тақдим карданд.

Ифтитоҳи Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун як қадами муҳим дар самти татбиқи ҳамоҳангшудаи Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040 арзёбӣ гардид. Зимни маросим раиси Шӯро, раисон ва ҳамраисони гурӯҳҳои корӣ ва котиботи Шӯро ба аъзо ва шарикон расман муаррифӣ шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ Эъломияи Шӯро ба имзо расида, сана ва мавзӯи нахустин ҷаласаи кории он эълон карда шуд.
Шӯрои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таъсис ёфта, барои таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар самти рушди рақамии соҳа замина фароҳам овард.

Чорабинӣ бо иштироки васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи дипломатӣ баргузор доир шуда, бо дастуру супоришҳои мушаххас ҷамъбаст гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *