Ифтитоҳи Театри миллӣ (аксҳо)

Имрӯз, 24 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт бинои муҳташаму бошукӯҳи Театри миллиро мавриди истифода қарор доданд.

“Театри миллии Тоҷикистон бо тарҳи нодир, меъмории муосир ва ороиши миллӣ дар маркази пойтахт қомат афрохта, ба яке аз бузургтарин ва зеботарин муассисаҳои театрии минтақа табдил ёфтааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Баъди ифтитоҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар китоби меҳмонони олиқадр бо таманниёти нек нахустин соядаст гузоштанд.

Бинои муҳташами Театри миллӣ дар яке аз мавзеъҳои зеботарин ва марказии шаҳри Душанбе, дар ҳамҷаворӣ бо Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами давлатӣ бунёд гардидааст. Ҷойгиршавии он дар ин гӯшаи марказии пойтахт симои меъморию фарҳангии Душанберо боз ҳам зиннат дода, ба пойтахти кишвар ҳусну таровати дигар бахшидааст.

Аз ҳар гӯшаи бино шаҳомати меъморӣ, андешаи миллӣ ва завқи баланди ҳунари офарандагӣ эҳсос мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои бино ба роҳбарону мутахассисони масъул ва устоҳои гулдасти тоҷик барои дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори сипоси самимӣ намуданд.

Дар тарҳу ороиши Театри миллӣ меъмории муосир бо унсурҳои нодири санъати тоҷикон ба ҳам омадааст. Нақшу нигор, ҷузъиёти ороишӣ, шаклу тарҳи толорҳо, ороиши дохилию берунӣ ва унсурҳои бадеӣ бо назардошти фарҳанги миллӣ ва талаботи меъмории муосир иҷро шудаанд.

Ин ҷо метавон пайванди таъриху тамаддуни чандинҳазорсолаи миллати тоҷикро бо дастовардҳои меъморӣ ва технологияҳои замони муосир ба таври равшан мушоҳида кард.

Барои бунёд ва таҷҳизонидани ин иншооти бузурги фарҳангӣ аз беҳтарин маводи сохтмонӣ ва ороишӣ, техникаву таҷҳизоти муосир истифода гардидааст.

Аз паси ин шаҳомат имрӯз як роҳи тӯлонии заҳмат, меҳнат ва талош меистад.

Сохтмони ин қасри бузурги фарҳангӣ 11 сол қабл оғоз ёфта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *