Султон Умаров – донишманд ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи илми тоҷик (видео)
24 август зодрӯзи Султон Умаров, физик, академик, донишманд ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи илми тоҷик аст.
Султон Умаров 24 августи соли 1908 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби ибтидоӣ таҳсилро дар Самарқанд идома дода, соли 1930 ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ оғоз кардааст.
Ӯ яке аз аввалин физикони назариявии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Тадқиқоти илмии Султон Умаров ба самтҳои гуногуни физика, аз ҷумла физикаи ядроӣ ва физикаи нимноқилҳо бахшида шудаанд.
Соли 1957 Султон Умаров президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон интихоб шуда, то соли 1964 ин вазифаро ба уҳда дошт. Дар солҳои роҳбарии ӯ барои рушди илмҳои дақиқу табиӣ, таҳкими муассисаҳои илмӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос корҳои муҳим анҷом дода шуданд.
Соли 1964 дар сохтори Академияи илмҳо як қатор муассисаҳои нави илмӣ, аз ҷумла Институти физикаю техника таъсис ёфт. Имрӯз ин муассиса номи академик Султон Умаровро дорад.
Султон Умаров дар таърихи илми тоҷик на танҳо ҳамчун олими маъруф, балки ҳамчун ташкилотчии илм ва тарбиятгари кадрҳои илмӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Номи ӯ бо рушди илмҳои дақиқ ва ташаккули мактаби физикаи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад.
Ёди академик Султон Умаров ҳамеша гиромӣ бод!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ