Аз Турсунзода то насли имрӯз: 65 соли унвони «Шоири халқии Тоҷикистон»

Дар се даҳсолаи аввали мавҷудияти унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» ҳамагӣ чор нафар соҳиби он шуданд. Имрӯз шумораи умумии адибоне, ки ба ин унвон сарфароз гардидаанд, ба 44 нафар расидааст. Таърихи ин қадрдонӣ ҳам номи бузургони адабиёт ва ҳам қиссаҳои хотирмонро дар бар мегирад.

25 октябри соли 2026 аз таъсиси унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» 65 сол пур шуд. Нахустин касе, ки соли 1961 ба ин унвон сарфароз гардид, Мирзо Турсунзода буд. Ӯ он замон роҳбарии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро низ бар уҳда дошт.

Пас аз понздаҳ сол, соли 1976, унвони «Нависандаи халқии Тоҷикистон» таъсис ёфт. Аввалин дорандаи он Ҷалол Икромӣ шуд. Ба ин тартиб, имсол аз таъсиси ин унвон низ ним аср мегузарад.

Чор шоир дар 27 сол

Соли 1962, як сол пас аз Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар унвони «Шоири халқии Тоҷикистон»-ро гирифт. Баъди ӯ дувоздаҳ сол касе ба ин унвон сарфароз нашуд. Танҳо соли 1974 Боқӣ Раҳимзода ва соли 1988 Гулчеҳра Сулаймонӣ ба сафи дорандагони он пайвастанд.

Ҳамин тавр, дар 27 соли аввал ин унвон танҳо ба чор нафар дода шуд. Аз соли 1991 шумораи дорандагони унвон бештар гардид. Дар солҳои 1990-ум 13 шоир, дар ду даҳсолаи баъдӣ — солҳои 2000–2019 — 16 нафар ва аз соли 2020 то соли 2026 боз 11 нафар ба ин унвон сарфароз шуданд. Дар маҷмӯъ, то имрӯз 44 адиб унвони «Шоири халқии Тоҷикистон»-ро гирифтаанд.

Таърихи унвони «Нависандаи халқии Тоҷикистон» низ аз қадрдонии чеҳраҳои маъруфи адабиёт оғоз мешавад. Пас аз Ҷалол Икромӣ, соли 1979 Раҳим Ҷалил, соли 1986 Фотеҳ Ниёзӣ ва Фазлиддин Муҳаммадиев, соли 1990 Сотим Улуғзода соҳиби он шуданд.То соли 1991 панҷ нафар ин унвонро доштанд. Шумораи умумии сарфарозшудагон ҳоло ба 27 нафар расидааст. Аз ин миён 11 нафар дар солҳои 2020–2026 унвон гирифтаанд.

Шарте, ки Лоиқ гузошт

Яке аз қиссаҳои хотирмони таърихи ин унвонҳо ба ҷашни панҷоҳсолагии Лоиқ Шералӣ дар соли 1991 марбут аст. Вақте масъалаи ба ӯ додани унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» ба миён омад, Лоиқ хост, ки пеш аз ӯ устодону ҳамқаламони сазовораш қадрдонӣ шаванд. Ӯ таъкид кард, ки то Муъмин Қаноат, Ашӯр Сафар ва Қутбӣ Киром ин унвонро нагиранд, худаш низ онро қабул намекунад.

Дар натиҷа, роҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов унвонро ба ҳар чор шоир тақдим кард. Маҳкамов ин воқеаро дар ҷашни панҷоҳсолагии Лоиқ низ ёдовар шудааст. Ин рафтори Лоиқ ҳамчун намунаи эҳтиром ба устод ва қадршиносии ҳамқаламон дар хотирҳо мондааст: шоир дар лаҳзаи қадрдонии худ ҳаққи дигаронро низ ба ёд овард.

Имсол, пас аз 35 соли он рӯйдод, Файзи Ашӯр – писари Ашӯр Сафар низ соҳиби унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» гардид.

Занон дар сафи адибони халқӣ

Нахустин зане, ки унвони «Шоири халқии Тоҷикистон»-ро гирифт, Гулчеҳра Сулаймонӣ буд. Ӯ соли 1988, пас аз 27 соли таъсиси унвон, ба ин мақом расид. Баъдан Гулрухсор соли 1999, Фарзона соли 2001, Зулфия Атоӣ соли 2009, Ҳадиса Қурбонова соли 2010 ва Латофат Кенҷаева соли 2025 ба ин унвон сарфароз шуданд.

Дар миёни нависандагони халқӣ шумораи занон боз ҳам камтар аст. Аз 27 нафаре, ки то имрӯз ин унвонро гирифтаанд, танҳо як нафар зан аст: Марямбону Фарғонӣ. Ӯ соли 2026 соҳиби унвони «Нависандаи халқии Тоҷикистон» гардид.

Унвон ва масъулияти эҷодкор

Афзоиши шумораи адибони халқӣ таваҷҷуҳро ба масъалаи сифати адабиёт низ бештар мекунад. Унвон қадрдонии хизматҳои эҷодкор аст, аммо баҳодиҳӣ ба асар раванди ҷудогона ва пайваста боқӣ мемонад.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар Анҷумани XVI ин ниҳод дар соли 2025 аз сифати як қисми осори солҳои охир интиқод карда буд. Ба гуфтаи ӯ, дар панҷ соли мавриди баррасӣ 15 роман дар шакли китоб ва шаш роман дар маҷаллаи «Садои Шарқ» нашр шудаанд, вале дар онҳо камбудиҳои ҷиддии ҳунарӣ ба назар мерасанд.

Ӯ аз ҷумла ба номукаммалӣ ва парокандагии сужа, камтаҷрибагии эҷодӣ, таҳрифи таърих ва зиёдаравӣ дар чеҳраофаринӣ ишора карда буд. Ин эродҳо масъалаи муҳимро пеш мегузоранд: қадрдонии адиб бояд бо талаботи баланд ба осори ӯ ҳамроҳ бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *