Дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ зиёд шудааст

Мақомоти Тоҷикистон хабар дод, ки ҳаҷми боркашонӣ дар кишвар тайи 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 15 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ –сентябри имсол дар Тоҷикистон бо ҳамаи намуд нақлиёт 132 миллиону 899 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,6% зиёд аст.

Ба иттилои манбаъ, нақлиёти автомобилӣ дар сохтори боркашонӣ мавқеи асосӣ дошта,  тавассути ин намуд нақлиёт 126 миллиону 957,8 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки 95,5% ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар 9 моҳ тавассути нақлиёти роҳи оҳан зиёда аз 5 миллиону 940 ҳазор тонна бор кашонида шудааст.

Зиёд ё кам шудани ҳаҷми боркашонӣ барои иқтисоди Тоҷикистон бетаъсир намемонад, зеро кишвар бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва надоштани роҳи мустақим ба баҳр, барои интиқоли молу маҳсулот ба роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва долонҳои байналмилалии нақлиётӣ такя мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *