Шарҳи мақомот дар бораи заминларзаи шаби гузашта
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон заминларзаи шаби гузаштаро, ки Тоҷикистонро ҳам такон дод, шарҳ дод.
Ба иттилои ин ниҳод, заминларза 25 октябр, соати 22:44 дақиқа дар қаламрави Афғонистон сабт шуда, такони он дар Покистону Ӯзбекистон ҳам эҳсос гардид.
“Маркази заминҷунбӣ дар масофаи тақрибан 305 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 128 километр аз шаҳри Хоруғ – маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 64 километр аз маркази ноҳияи Ишкошим ҷойгир шудааст”-, навиштааст манбаъ.
Тибқи иттилои Академияи илмҳои Тоҷикистон, мувофиқи натиҷаҳои арзёбии макросейсмикӣ, шиддатнокии ларзиши замин дар минтақаи маркази заминҷунбӣ аз 5 то 5,5 балл ва дар шаҳри Душанбе аз 3 то 3,2 балл аз рӯйи ҷадвали дувоздаҳбаллаи MSK-64 муайян гардидааст. Дар бораи хисороти ин заминларза чизе гуфта нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ