Дар Тоҷикистон минбаъд муҳоҷирати меҳнатӣ аз синни 18 оғоз мегардад

Дар Тоҷикистон минбаъд муҳоҷирати меҳнатӣ аз синни 18 оғоз мегардад ва ҳамчунин корҷӯён ба кишварҳое мераванд, ки ҳуқуқи онҳо ҳимоя хоҳад шуд.  

Ин муқаррарот дар қонуни нав “Дар бораи муҳоҷират”   пешбинӣ шудааст. То ҳол дар қонунгузорӣ синни муайяне барои рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ муайян нагардида буд.

Меъёри нав дар моддаи 16-и қонун пешбинӣ шудааст, ки тафсилоти пурраи он 23-юми октябр  дар   “Садои мардум”  нашр шудааст.

Тибқи ин қонун муҳоҷирати меҳнатии сокинон ба давлатҳое иҷоза дода мешавад, ки дар ҳудуди онҳо ҳуқуқ ва манфиати муҳоҷирони корӣ ҳифз карда мешаванд.

“Асосҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо дар хориҷа: 1) Иштироки давлати бокортаъминкунанда дар шартномаҳои байналмилалии вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони мењнатӣ; 2) Мавҷуд будани созишномаҳои дуҷонибаи давлатии бокортаъминкунӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ…”,-навиштааст манбаъ.

Русия аз кишварҳоест, ки бештари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои пайдо намудани кори муносиб ба ин кишвар сафар мекунанд. Солҳои охир мақомоти Тоҷикистон талош мекунад, дар баробари Русия, муҳоҷирони меҳнатиро ба  кишварҳои дигар  низ сафарбар намояд, ки ин пойбандиро аз бозори меҳнати Русия кам мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *