Ифтитоҳи Маркази савдо “Суғд Молл” бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон

1 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Маркази савдо ва хизматрасонии “Суғд Молл”  – ро мавриди истифода қарор дод.

“Дар иншоот  бо мақсади ташкили  фурӯши молу маҳсулот мағозаю  нуқтаҳои савдо сохта шудаааст. Дар маҷмӯъ, ин марказ барои 350 нафар ҷойи кор фароҳам меорад. Дар маҷмаа ба ғайр аз мағозаҳо, инчунин, ошхонаю тарабхона низ пешбинӣ шудааст”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ки мавриди истифода қарор гирифтани маркази савдою хизматрасонии Суғд-молл барои рушди тиҷорат, дастрасии аҳолӣ ба молу маҳсулоти ватанию хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз шаҳри Конибодом 13 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншооти мазкур соҳаҳои саноат, маориф, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро фаро гирифта, барои рушди минбаъдаи шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид мегузоранд.

Яке аз иншооти муҳими истеҳсолӣ корхонаи парандапарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ганҷи ҷаҳон дар деҳоти Кӯҳандиёри шаҳри Конибодом мебошад. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фирдавс Ҳасанзода бунёд гардидааст.

Дар ин рӯз Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом низ ба истифода дода шуд. Бинои таълимӣ барои 750 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *