ДМТ бори аввал ба раддабандии ҷаҳонии Times Higher Education шомил шуд

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раддабандии «Таҳсилоти Олии Таймз» (Times Higher Education (THE)) ворид гардид. Байни 1646 донишгоҳи бонуфузи дунё аз 116 давлат мақоми намоёнро соҳиб гардид.

Дар ин бора имрӯз, 15 июл Илёс Ғаффорзода, муовини ректори ДМТ оид ба равобити байналмилалӣ изҳор дошт. Ӯ гуфт, ки дар раддабандии номбаршуда ба донишгоҳҳо аз рӯйи 17 ҳадафи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид баҳо гузошта мешавад.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани 33,1-53,6 хол аз рӯйи ҳама нишондодҳо нахустин донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба ин раддабандӣ ворид гардид. Яъне, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи 17 ҳадафи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мақом ва холҳои назаррасро соҳиб гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *