Чаро як хона ба чанд кас фурӯхта мешавад? Посухи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон сабаби аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ ба чанд кас фурӯхтани як хонаро шарҳ дод.

Номбурда зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нисбат ба солҳои пеш хеле боло рафтааст. Аммо то ҳол ширкатҳои биносозе ҳастанд, ки мардумро фиреб медиҳанд.

“Чаро як хонаро ба се-чор кас мефурӯшанд? Сабаб дар он аст, ки шартномаро дар идораи нотариалӣ ба қайд намегиранд. Вақте дар идораи нотариалӣ шартнома баст, аллакай он ҳукми ҳуқуқӣ мегирад ва каси дигар ба идораи нотариалӣ муроҷиат кунад, маълумот мебарояд, ки ин хона фурӯхта шудааст”, – гуфт Мирзозода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *