1,5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар нимсолаи аввал ба Ӯзбекистон сафар кардаанд
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба Ӯзбекистон бо ҳадафи сайёҳӣ 1,5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ворид шудаанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон, дар ин давра дар маҷмӯъ 6 миллиону 565 ҳазору 410 шаҳрванди хориҷӣ аз ин кишвар боздид кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 миллион нафар ё 24,9 дарсад зиёд мебошад.
Аз рӯйи шумораи сайёҳон Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пешсаф ҷой гирифтааст.
Бештари меҳмонон аз Қирғизистон — 1,88 миллион нафар, Қазоқистон – 1,56 миллион нафар ва Тоҷикистон – 1,5 миллион нафар будааст
Ҳамчунин, дар ин давра аз Русия 585 ҳазору 558 нафар, Афғонистон 238 ҳазору 925 нафар, Чин 223 ҳазору 479 нафар ва Туркманистон 164 ҳазору 211 нафар ба Ӯзбекистон сафар кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ