Бохтар: 4 қонуншиканӣ ошкор шуд


Дар шаш моҳи соли равон дар шаҳри Бохтар 4 ҳолати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ба қайд гирифта шудааст.

Манучеҳр Қодиров, мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросим дар шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки давоми соли ҷорӣ чор ҳолати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” сабт шудааст.

Ӯ мегӯяд, вобаста ба ин ҳолат парванда тартиб дода шуд ва барои баррасӣ ба суд ирсол гардид. “Қонуншиканӣ дар шаш моҳи соли 2025 ҳам 4 ҳолат ба қайд гирифта шуда буд, – таъкид кард вай.

Ба гуфтаи Манучеҳр Қодиров, давоми сол дар шаҳри Бохтар 494 маърака баргузор гардидааст, ки аз ин 444 туйи арӯсию домодӣ мебошад. Боқимонда маросими чил ва сол мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *