Мунира Шаҳидӣ – тарғибгари фарҳанги тоҷик дар ҷаҳон даргузашт
Олими шарқшинос, санъатшинос, тарҷумон ва ходими маъруфи фарҳанги тоҷик Мунира Шаҳидӣ дар синни 83-солагӣ даргузашт. Хабари даргузашти ӯро Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасдиқ кард.
Тибқи иттилое, ки пайвандони Мунира Шаҳидӣ ба Pressa.tj расониданд, ӯ дар шаҳри Маскав бар асари бемории фишорбаландӣ аз олам гузаштааст. Интизор меравад, ки пайкараш 16 июл ба Душанбе оварда шавад.
Мунира Шаҳидӣ аз чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги Тоҷикистон ва аз пажӯҳишгарони фаъоли робитаҳои фарҳангии Шарқу Ғарб ба шумор мерафт. Ӯ 22 марти соли 1943 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ба дунё омадааст.
Мунира Шаҳидӣ фаъолияти илмии худро бештар ба омӯзиши адабиёти форсу тоҷик, шарқшиносӣ, адабиётшиносии муқоисавӣ ва муколамаи фарҳангҳо бахшидааст.

Ӯ соли 1964 бахши англисии факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) – ро хатм кардааст.
Фаъолияти илмии Мунира Шаҳидӣ дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Ӯ дар ин муассиса ҳамчун лаборант, ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ фаъолият карда, дар таҳқиқи адабиёти форсизабон ва робитаҳои фарҳангии Шарқу Ғарб саҳм гузоштааст.
Мунира Шаҳидӣ соли 1972 рисолаи номзадии худро дар мавзуи ҷойгоҳи осори шарқшиноси англис Эдвард Браун дар шинохти адабиёти форсу тоҷик ҳимоя кардааст.
Бахши муҳими фаъолияти Мунира Шаҳидӣ ба ҳифз ва муаррифии мероси эҷодии падараш – Зиёдулло Шаҳидӣ, яке аз поягузорони мусиқии касбии тоҷик вобаста буд. Бо саъю кӯшиши ӯ ва аҳли хонавода Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ таъсис ёфт. Дар ин осорхона дастнависҳо, асарҳо, ҳуҷҷатҳо, аксҳо ва созҳои мусиқии шахсиятҳои маъруфи фарҳанги тоҷик ҷамъоварӣ ва ҳифз шудаанд.
Ӯ ҳамчунин роҳбарии Бунёди байналмилалии фарҳангии ба номи Зиёдулло Шаҳидиро ба зимма дошт. Ҳадафи бунёд ҳифзи мероси мусиқиву адабии тоҷик, муаррифии он дар хориҷи кишвар ва таҳкими муколамаи фарҳангии халқҳои Шарқу Ғарб буд.
Мунира Шаҳидӣ дар конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ иштирок карда, дар донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Чехия, Озарбойҷон ва кишварҳои дигари ҷаҳон доир ба таъриху фарҳанги тоҷикон суханронӣ кардааст.
Яке аз корҳои охирини ӯ китоби «Муколамаи фарҳангҳои Шарқу Ғарб дар асри XXI» буд, ки дар охири соли 2024 бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар шаҳри Ослои Норвегия нашр гардид. Ин асар баъдан дар Донишгоҳи Кембриҷ ва марказҳои илмии Берлин, Прага, Лондон, Боку ва Самарқанд муаррифӣ шуд.
Мунира Шаҳидӣ тамоми умри худро ба илму фарҳанг, ҳифзи хотираи аҳли ҳунар ва муаррифии адабиёту мусиқии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бахшид. Осори илмӣ, ташаббусҳои фарҳангӣ ва фаъолияти ӯ дар роҳи наздик намудани фарҳангҳои Шарқу Ғарб ҳамчун мероси арзишманд боқӣ хоҳад монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ