Ховари Миёна дар остонаи буҳрони нав
Таниш миёни ИМА ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки чанд моҳи охир бо талошҳои дипломатӣ то андозае коҳиш ёфта буд, дар рӯзҳои охир дубора ба марҳилаи низомӣ ворид шуд. Лағви оташбас ва беэътибор донистани ёддошти тафоҳум миёни ду кишвар сабаб гардид, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ, зарбаҳои мушакӣ ва таҳдидҳои сиёсӣ дубора оғоз ёбанд. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки идомаи ин вазъ метавонад тамоми минтақаи Ховари Миёнаро ба гирдоби ҷанги густарда кашида, ба иқтисоди ҷаҳон низ таъсири ҷиддӣ расонад.
Амалиёти нави Амрико
Шаби 15-уми июл Фармондеҳии марказии артиши Амрико (CENTCOM) аз анҷоми навбатии ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳои низомии Эрон хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод, зарбаҳо ба мавқеъҳои низомӣ дар наздикии тангаи Ҳурмуз ва минтақаҳои соҳилии Эрон равона гардида, дар онҳо аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ, киштиҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода шудааст. Ба иттилои расонаҳои эронӣ, ҳамлаҳои шабонаи Амрико шаҳру ноҳияҳои Бушеҳр, Чобаҳор, Деҳлоран, Аҳвоз, Бандар Аббос, Сирик ва Эроншаҳрро фаро гирифтааст.
Вашингтон мегӯяд, ки ҳадафи ин ҳамлаҳо маҳдуд намудани имкониятҳои Эрон барои таҳдид ба ҳаракати киштиҳои тиҷоратӣ дар Халиҷи Форс мебошад.
Ҳамзамон, CENTCOM эълон кард, ки муҳосираи баҳрии бандарҳои Эронро аз сар гирифтааст. Барои иҷрои ин амалиёт беш аз 20 киштии ҷангӣ ва садҳо ҳавопаймои ҳарбӣ дар минтақа мустақар шудаанд. Ин тасмим қаблан аз ҷониби президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп эълон шуда буд.
Доналд Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи Fox News мавқеи худро боз ҳам сахттар баён кард. Ӯ ҳушдор дод, ки агар Эрон ба мизи музокирот барнагардад, ҳафтаи оянда Амрико метавонад нерӯгоҳҳои барқӣ, пулҳо ва дигар зерсохторҳои муҳими ин кишварро мавриди ҳамла қарор диҳад.
Посухи Эрон
Дар ҷавоб ба ҳамлаҳои Амрико, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Артиши Эрон аз анҷоми як қатор ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Кувайт, Баҳрайн ва Урдун хабар доданд.
Ба гуфтаи онҳо, пойгоҳи ҳавоии “Ал-Азрақ” дар Урдун, ки дар он ҷангандаҳои F-15, F-16, F-18 ва F-35 мустақаранд, ҳадаф қарор гирифтааст.
Ҳамчунин, Эрон иддао дорад, ки марказҳои иртибототи моҳвораӣ, системаҳои дифои ҳавоӣ ва мушакии «Патриот», анборҳои бузурги таҷҳизот ва маводи сӯхти нерӯҳои Амрико дар Кувайт ва Баҳрайн низ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Боз Гулӯгоҳи Ҳурмуз
Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ин даргирӣ баста шудани Гулӯгоҳи Ҳурмуз аз ҷониби Эрон мебошад.
Ин оброҳ роҳи асосии интиқоли қисми зиёди нафти ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳар гуна маҳдудият дар ҳаракати киштиҳо метавонад ба бозори ҷаҳонии энержӣ таъсири мустақим расонад.
Дар посух ба муҳосираи баҳрии Амрико Сипоҳи посдорон эълон кард: «То замоне, ки шарорати Амрико дар минтақа идома дорад, як қатра нафт ва газ аз минтақа содир нахоҳад шуд». Ин ниҳод таъкид намуд, ки содироти нафту газ «ё барои ҳама хоҳад буд, ё барои ҳеҷ кас».
Дар ҳамин замина, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Козим Ғарибободӣ изҳор дошт, ки бо азсаргирии муҳосираи баҳрӣ Амрико амалан ёддошти тафоҳумро бекор кардааст.
Паёмади ин танишҳоро аллакай ҷомеаи ҷаҳон эҳсос мекунад.
Тибқи маълумоти бозорҳои ҷаҳонӣ, дар чанд рӯзи охир нархи нафт тақрибан 9 дарсад боло рафта, субҳи 15-уми июл аз 86 доллар барои як бушка гузаштааст. Ин баландтарин нишондод дар як моҳи охир ба ҳисоб меравад.
Амнияти минтақа
Дар баробари даргирии Амрикову Эрон, вазъ дар дигар минтақаҳои Ховари Миёна низ ноором гардидааст. Гурӯҳи ҳусиҳои Яман, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд, эълон карданд, ки дар посух ба ҳамлаи нерӯҳои ҳимоятшавандаи Арабистони Саудӣ ба фурудгоҳи Санъо Фурудгоҳи байналмилалии Абҳои Арабистони Саудиро мавриди ҳамла қарор додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ